Домулло Ҳалим

(Тағйири масир аз Ҳалим Ибодов)

Домулло Ҳалим (Ҳалим Ибодов, 1878, Бухоро — 1940, Тошканд) — мусиқидон, хонанда, навозанда ва мақомхони тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Узбекистон (1931).

Домулло Ҳалим
Ҳалим Ибодов
Таърихи таваллуд 1878(1878)
Зодгоҳ Бухоро
Таърихи даргузашт 1940 Бухоро
Маҳалли даргузашт
Пеша(ҳо) мутриб,сароянда

Зиндагинома

вироиш

Дар оилаи косиб (бофанда) ба дунё омада, илми мусиқиро аввал аз падараш, ки бо адибону санъаткорон робита дошт, омӯхтааст. Аз овони наврасӣ ба омӯзиши мусиқии халқию классикии тоҷик шурӯъ карда, аз устодони созу овози Бухоро санъати сознавозӣ (танбӯр, дойра) ва сарояндагиро омӯхтааст. Нозукиҳои санъати сознавозию овозхониро аз устоди ҳунари мусиқӣ Устод Шарафхони Танбӯрӣ аз бар кардааст. Сипас, аз устодони ҳунари мусиқии замони худ Ҳоҷӣ Абдулазиз, Ҳоҷӣ Абдуллоҳи Танбӯрӣ дарси маҳорат гирифтааст. Қисм, гӯша ва шохаҳои созию овозии «Шашмақом», қонунҳои бадеии шеърро назди устодони санъати мусиқӣ Қорӣ Камол, Қорӣ Наҷм, Устод Эргаши Чаппахон, Устод Тӯла омӯхта, дар ҷавонӣ шуҳрат пайдо кардааст. Фаъолияти Домулло Ҳалим дар солҳои 30-40 асри 20 густариш ёфтааст. Домулло Ҳалим дар дарку ҳифз намудани шеър низ истеъдоди хосса дошта, бо ҳамовозии танбӯру дойра қисм, гӯша ва шохаҳои мураккаби мақомҳоро бо сабки хос иҷро мекард. Бахусус «Уфар», «Тарона», «Савт»-ро бо маҳорати баланд месароид.

Соли 1923 Домулло Ҳалим бо устодони шинохтаи мусиқии он давр дар Намоишгоҳи хоҷагии халқи Русия дар Маскав бо барномаи хоссаи мусиқӣ ҳунарнамоӣ карда, сазовори баҳои баланди мусиқидонони рус гардид. Фаъолияти эҷодии Домулло Ҳалим дар мактаби мусиқии Бухорои Шарқӣ идома ёфта, сарояндагону навозандагони ҷавон М. Ашрафӣ, М. Бурҳонов, Ш. Соҳибов, Ф. Шаҳобов, Х. Изомов ва дигарон аз ӯ асосҳои мусиқии устодонаро омӯхтаанд. Минбаъд (1928-31) фаъолияти Домулло Ҳалим дар Ин-ти мусиқӣ ва хореографии Самарқанд идома ёфта, бо ҳамкории мусиқишиносон-мардумшиносони рус Н. Миронов, В. Успенский ва маҳаллӣ Бобоҷалол Носирзода, Бобоғиёс Абдуғанизода, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Ҳоҷӣ Абдурраҳмон, Содирхон, Муллотӯйчӣ Тошмуҳаммадов ва дигарон дар тарбияи насли нави ромишгарон, гирдоварӣ ва сабти осори мусиқии классикӣ корҳои зиёдеро анҷом дод. Домулло Ҳалим бо ҳамовозии созҳои миллӣ (танбӯр) шохаҳои овозии «Шашмақом»-ро ба граммофон сабт намуд, ки ин дар ҳаёти мусиқии тоҷик падидаи бузурги фарҳангӣ буд. Аз соли 1931 то охири умр Домулло Ҳалим дар Кумитаи давлатии радиошунавонии Ӯзбекистон фаъолият ва эҷод намудааст. Муҳимтарин шохаҳои «Шашмақом»: «Қашқарчаи Муғулчаи Сегоҳ», «Сарвиноз», «Савти Сарвиноз», «Ироқ», «Ироқи Бухоро», «Муғулчаи Дугоҳ», «Насруллоҳӣ», «Бебокча», «Қашқарчаи Ушшоқ», «Соқиномаи Ироқи Бухоро», «Мухайяр», «Наврӯзи Сабо» ва ғ-ро бо маҳорати баланд иҷро кардааст. Бо истеъдод, сабки иҷроии устодонааш дар ҷараёни талқини шохаҳои овозии мақомҳо, истифода намудани авҷҳои мураккаб (бахусус «савт»-ҳо) дастёб шудааст. Дар ҳавзаи ҳунарии Самарқанду Бухоро ӯро ба нишони эҳтиром «Домулло Ҳалими Савтӣ» ном мебурданд. Маҳорати сарояндагии Домулло Ҳалим то охири умраш тағйир наёфта, ҳангоми ҳунарнамоӣ аз авҷҳои мураккаб («Авҷи Турк») истифода мекард. Намунаҳои баргузидаи сурудҳои иҷронамудаи Домулло Ҳалим дар студияҳои сабти овози Маскаву Тошканд сабт шудаанд. Сарояндагони ҷавон имрӯз ба осори ӯ чун ба намунаи ҳунари баланди сарояндагӣ муроҷиат намуда, асрори ниҳонии овозхонии устодонаро меомӯзанд ва дар барномаҳои ҳунарии хеш истифода мебаранд.

Адабиёт

вироиш