Ҳамбург
Ҳамбург (олмонӣ: Hamburg [ˈhambʊɐ̯k], олм. поин Hamborg [ˈhambɔːx]; талаффуз ) — замин дар қисмати шимолии Олмон, дар соҳили дарёи Элба ва шохоби он Алстер, 110 км болотар аз резишгоҳи он ба Баҳри Шимолӣ. Аҳолиаш 1,9 млн нафар (2013). Ҳамчун Шаҳри озод ва ҳанзеи Ҳамбург (олмонӣ: Freie und Hansestadt Hamburg) яке аз 16 замин ва шаҳр-ҷумҳурӣ шомили ҶФО мебошад.
олмонӣ: Hamburg[1] | |||||
|
|||||
Кишвар | [[|]] | ||||
Роҳбар | Peter Tschentscher[d] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Масоҳат | |||||
Баландӣ | 6 ± 1 м | ||||
Вақти минтақавӣ | UTC+1[d] ва UTC+02:00 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Рамзи ISO 3166-2 | DE-HH | ||||
Коди телефон | 040 ва 04721 | ||||
Нишонаи почта | 20095–21149, 22041–22769 ва 27499 | ||||
Коди мошинҳо | HH | ||||
Вебгоҳи расмӣ(олмонӣ) Вебгоҳи расмӣ(англ.) |
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Сеюмин бандари баҳрӣ дар Урупо (баъди Роттердам ва Антверпен) мебошад. Бандари моҳигирӣ. Маркази калони р. о ва роҳҳои автомобилгард. Фурудгоҳи байналмилалӣ, метрополитен дорад. Алоқаи нақлиётии обии Ҳамбург бо паром (тавасути дарёи Элба) сурат мегирад.
Ҷуғрофиё
вироишТаърих
вироишҲамбургро соли 808 Карли Бузург ҳамчун қалъаи Ҳаммабург («шаҳрчаи ҷангалӣ») бино кардааст. Онро соли 845 норманҳо ва соли 1030 шоҳи Лаҳистон Мешкои II оташ задаанд. Дар асрҳои 10-11 қароргоҳи графҳои саксонӣ буд. Дар садаи XIII Ҳамбургро Дания ишғол кард. Аз соли 1510 шаҳри озод. Соли 1629 дар Ҳомбург нахустин бонк кушода шуд. Солҳои 1810-14 онро сипоҳиёни Наполеони I забт карданд. Аз соли 1815 узви Иттиҳоди Олмон. Ҳудуди феълии маъмурии Ҳамбург соли 1938, баъди ба ҳайати он дохил шудани шаҳрҳои Алтона, Ҳарбург-Вилҳелмбург, Вандебен, Бергедорф ва чандин деҳа муайян гардид. Солҳои 1943-45 қариб нисфи Ҳамбург аз бомбаборони иттифоқчиён хароб гардида буд. Майи 1945 Ҳамбургро сипоҳиёни Бритониё ишғол карданд. Аз соли 1949 ба ҳайати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дохил шуд.
Иқтисод
вироишАйни замон Ҳамбург маркази бузурги савдо, нақлиёт, саноат, молия ва табъу нашри Олмон мебошад. Дар Ҳамбург 6200 ширкати телевизионӣ, саноати кино, ВАО (васоити ахбори омма), нашриёт, бонку барномаҳои бузург, корхонаҳои коркарди нафт, филиззоти сиёҳу ранга ҷойгиранд. Дар Ҳамбург саноати киштисозӣ, мошинасозӣ, самолётсозӣ, электронӣ, электрӣ, кимиё, коркарди чӯб, табъу нашр, хӯрокворӣ тараққӣ кардаанд.
Гардишгарӣ
вироишҲамбург маркази бузурги сайёҳист (соле 12 млн сайёҳро қабул мекунад).
Ёдмонҳои таърихӣ
вироишЁдгориҳои меъмории Ҳамбург Ратуша (1817), калисоҳои Петри Муқаддас (асри 12 — 1682), Якови Муқаддас (асрҳои 13-15), Екатеринаи Муқаддас (асрҳои 14-15), Михаили Муқаддас (1750-62), бурҷи калисои Николайи Муқаддас (асри 18), маҷмӯи анборҳои Шпайхерштадт (1885—1927) бо осорхона, маркази конгресси Ҳамбург (1973), Намоишгоҳи савдои Ҳомбург донишгоҳҳои тиббӣ, меъмории баҳрӣ, Институти таҳқиқоти ҳастаӣ (ядроӣ), маркази бузурги тиббӣ, осорхонаҳои бадеӣ, мардумшиносӣ, таъриху фарҳангӣ, касбу ҳунар, боғи ҳайвонот, боғи ботаникӣ, боғҳои истироҳат, 40 театр, аз ҷумла Театри миллии Олмон, 3 оркестри симфонӣ дорад.
Варзиш
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ https://www.onomastik.com/on_geschichte_hamburg.php (нем.)
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Alle politisch selbständigen Gemeinden mit ausgewählten Merkmalen am 31.12.2018 (4. Quartal) — Federal Statistical Office.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 Alle politisch selbständigen Gemeinden mit ausgewählten Merkmalen am 31.12.2023 (нем.) — DESTATIS, 2024.
Пайвандҳо
вироишСарчашма
вироиш- Ҳамбург // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.