Ҳамза Боқиев (Боқиев Ҳамза Олимович; 15 январи 1969, деҳаи Каздон, ноҳияи Айнӣ) — номзади илмҳои филология, дотсент. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2010). Аълочии маорифи Тоҷикистон

Ҳамза Боқиев
Ҳамза Олимович Боқиев
Таърихи таваллуд 15 январ 1969(1969-01-15) (55 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Айнӣ
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Роҳбари илмӣ Собирҷон Мирзоев, Расул Ҳодизода

Зиндагинома

вироиш

Ҳамза Боқиев 15 январи 1969 дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ дар хонадони зиёӣ ба дунё омадаст. Солҳои 1976—1986 — таҳсил дар мактаби миёнаи № 5 ноҳияи Айнӣ.

Корнома

вироиш

Солҳои 1986—1987 коргари корхонаи қаннодии ноҳияи Айнӣ. Солҳои 1987—1989 хидмат дар сафи Артиши Шӯравӣ, дар шаҳри Боку, Ҷумҳурии Озарбойҷон. Солҳои 1989—1990 узви колхози «Тоҷикистон»-и ноҳияи Айнӣ.

Солҳои 1990—1995 донишҷӯйи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон. Солҳои 1995—1996 коромӯз-тадқиқотчии кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон. Солҳои 1996—1999 аспиранти рӯзонаи кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон. Солҳои 1999—2001 муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон.Соли 2000 Ҳамза Боқиев номзад ба мақоми вакили Маҷлиси намояндагони маҷлиси олӣ буд. Солҳои 2001—2005 мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва маълумоти умумии Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе. Солҳои 2005—2008 дотсенти кафедраи забонҳои Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон. Солҳои 2008—2009 дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи забонҳои Тоҷикистон, 2009—2015 мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон.Дотсент Ҳамза Боқиев ба давлатҳои Эрон, Озарбойҷон,Узбекистон сафар кардааст.Ҳамза Боқиев аввалин бор дар адабиёт "трилогияи сафарнома"-ро ҷорӣ кардааст.Муаллифу мураттиби китобҳои "Боз омадам бар диёри хеш", "Бар диёри хеш меҳмон омадам","Теҳроне ки ман шинохатам", "Одам ба одам зинда аст","Мирхон","Баландахтар","Шаҳсавои сангари мардонагӣ","Саромаде дар тамаддуни навин","Таърихи адабиёти Юнону Рими бостон", "Таърихи адабиёти Амрико","Таърихи адабиёти ҷаҳон", "Як қадам роҳ то Бухоро" ва зиёда аз 200 мақолаи илмӣ омавӣ мебошад.Таҳти роҳбарии Ҳамза Боқиев 3 нафар аспирантҳо дар ҳоли омодагӣ ба дифои рисолаи номзадӣ мебошанд.Ҳамза Боқиев тавонист дар илми филологияи тоҷик номи худро бо ҳарфҳои заррин сабт созад.

Аз соли 2015 мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистонба номи С. Айнӣ[1].

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Аълочии матбуоти Тоҷикситон (2003), 
  • Аълочии маорифи Тоҷикистон (2005).
  • Медали 90 солагии "ДДОТ"(2022)
  • Ифтихорномаи Вазорати мориф ва илм(2010)
  1. Забони ва адабиёти тоҷик. www.tgpu.tj. 6 апрели 2023 санҷида шуд.

Пайвандҳо

вироиш

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ