Ҳамза Ғофили Систонӣ
Малик Ҳамза Ғофил ибни Ҷалолуддини Систонӣ (форсӣ: ملک حمزه غافل بن ملک جلالالدین سیستانی; ? — 1645) — шоири форс-тоҷик.
Зодгоҳ: | |
---|---|
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишДар зодгоҳаш Сиистон илм омӯхта, ба камол расид. Барои такмили илму дониш ба Ҳинд рафт ва ба хидмати дарбори Аврангзеб ворид гардид. Ба ватан баргашта, ҳокимии Систонро ба уҳда гирифт. Ба шеъру шоирӣ майлу рағбат дошт. Дар анвои гуногун латифу равон шеър мегуфт. Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳо оварда шудаанд. Боз як ҷиҳати дигари фаъолияти Ҳамза Ғофили Систонӣ дар он аст, ки ӯ чун ҳукмрон ба аҳли илму адаб ғамхор буд.
Абёти зер намунаҳо аз эҷодиёти ӯст:
Одам зи адам рӯ чу дар ин водӣ кард,
Пиндошт, ки ғам кам аст, пур шодӣ кард.
Аз ғамкадаи ҷаҳон чу берун мерафт,
Ғамро ба замона вақфи авлодӣ кард.
Дар оташи ҳиҷрони бути аҳдшикан
Дар дида нигоҳу бар лабам сӯхт сухан.
То гиряи ман сарфи куҷо хоҳад шуд,
Саргардонам чу абри гумкардачаман.
Ғофил нашавӣ аз ин ду маънӣ, Ғофил,
Сармояи мард аз ин ду гардад ҳосил.
З-ин роҳнамоён ба яке шав қоил,
Ё ақли дуруст, ё ҷунуни комил.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ғофил Малик Ҳамза / С. Ализода // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.