Ҳамид Мусаддиқ
Ҳамид Мусаддиқ (форсӣ: حمید مصدق; 31 январ 1940, Шаҳризо, Устони Исфаҳон — 28 ноябр 1998, Теҳрон) — шоир ва ҳуқуқдони эронӣ[1][2].
Таърихи таваллуд: | 31 январ 1940 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 28 ноябр 1998 (58 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда |
Забони осор: | форсӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишҲамид Мусаддиқ баҳмани 1318 дар Шаҳрзо мутаваллид шуд. Чанд сол баъд ба ҳамроҳи хонаводааш ба Исфаҳон рафт ва таҳсилоти худро дар онҷо идома дод. Ӯ дар даврони дабиристон (Дабиристони адаб) бо Манучҳер Бадеъӣ, Ҳушанг Гулшерӣ, Муҳаммад Ҳуқуқӣ ва Баҳром Содиқӣ дар як мадраса буданд ва бо онон дӯству ошноӣ дошт[3].
Мусаддиқ дар 1339 вориди Донишкадаи ҳуқуқ шуд ва дар риштаи бозаргонӣ дарс хонд. Аз соли 1343 дар риштаи ҳуқуқ қазои таҳсил кард ва баъд ҳам мадраки коршиносии аршади иқтисод гирифт. Дар 1350 дар риштаи фавқи лисонси ҳуқуқи идорӣ аз Донишгоҳи миллӣ донишомӯхта шуд ва дар Донишкадаи улуми иртибототи Теҳрон ва Донишгоҳи Кирмон ба тадрис пардохт[4].
Вай пас аз дарёфти парвонаи ваколат аз Конуни вукало дар давраҳои баъдии зиндагӣ ҳамвора ба ваколат иштиғол дошт ва кори тадрис дар донишгоҳҳои Исфаҳон, Бирҷанд ва Шаҳид Биҳиштиро пай мегирифт.
Дар 1345 барои идомаи таҳсил ба Ингилис рафт ва дар заминаи равиши таҳқиқ ба таҳсилу таҳқиқ пардохт. То соли 1358 бештар ба тадриси равиши таҳқиқ ва аз соли 1360 тадриси ҳуқуқи хусусӣ ба хусус ҳуқуқи таовун иштиғол дошт. Мусаддиқ то поёни умр узви ҳайати илмии Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ буд ва муддате низ сардабирии маҷаллаи Конуни вукалоро ба уҳда дошт[5][6].
Эзоҳ
вироиш- ↑ "مجموعهي اشعار" حميد مصدق رونمايي شد «مصدق شعر را براي مردم ميگفت؛ نه شاعران»(форсӣ). ایسنا (12 Декабри 2007). 14 ноябри 2022 санҷида шуд.
- ↑ Behnegarsoft.com. ابومحبوب: مصدق صاحبسبک بود و از کسی الگو نمیگرفت/ مروری بر زندگی و آثار شاعر «من اگر برخیزم» | ایبنا(форсӣ). خبرگزاری کتاب ايران (IBNA) (30 Январ 2016). 14 ноябри 2022 санҷида шуд.
- ↑ درباره حمید مصدق - ایرنا. www.irna.ir. 14 ноябри 2022 санҷида шуд.
- ↑ جنگ در شعر حميد مصدق. روابط عمومی کانون وکلای دادگستری مرکز. 14 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 ноябри 2022.
- ↑ Behnegarsoft.com. حمید مصدق؛ شاعر و حقوقدان - مردم سالاری آنلاين(форсӣ). مردم سالاری آنلاين. 14 ноябри 2022 санҷида шуд.
- ↑ مدیر کل سایت. حمید مصدق(форсӣ). shaer.ir. 14 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 ноябри 2022.