Ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ — Прокурори Генералии ҶТ ва прокурорҳои ба он тобеъ фаъолияти мақомоти корҳои дохилй, мақомоти амният, мақомоти андозу гумрук ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқро оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳамоҳанг месозанд. Дар маҷлисҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ раисони судҳои ҶТ иштирок менамоянд. Вале мақомоти судӣ вазифаи мубориза алайҳи ҷинояткориро надорад. Бо мақсади таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти зикршуда прокурор маҷлиси ҳамоҳангсозӣ даъват мекунад, гурӯҳҳои корӣ ташкил медиҳад, маълумоти оморӣ ва дигар маълумоти даркориро талаб карда мегирад, дигар ваколатҳоро мувоф иқи Низомномаи ҳамоҳангсозии фаъолияти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ки аз тарафи Президенти ҶТ тасдиқ карда мешавад, амалӣ менамояд. Иҷрои қарорҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ аз тарафи иштирокчиёни он ҳатмӣ мебошад.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 506