Ҳамрохон Дӯстов
Ҳамрохон Ҷумъаевич Дӯстов — филолог, номзади илми филология, дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Таърихи таваллуд | 13 сентябр 1981 (43 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Шӯрообод, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фиолология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишҲамрохон Дӯстов хатмкардаи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2005) ва аспирантураи он (2010). Аз соли 2005 омӯзгори ҳамин донишгоҳ. Аз соли 2010 то соли 2011 ассистент ва аз соли 2011 инҷониб дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Мавзӯи рисолаи номзадиаш «Воҳидҳои фразеологии ташбеҳӣ дар забони адабии муосири тоҷик». Дар давоми фаъолияти илмии омӯзгорӣ вобаста ба масъалаҳои мухталифи илми забоншиносӣ дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷалла ва маҷмӯаҳои илмӣ мақолаҳои илмиву оммавӣ ба табъ расонидааст. Муаллифи зиёда аз 20 мақолаи илмӣ. Самти тадқиқоти ӯ бештар ба омӯзиши масъалаҳои илми фразеология бахшида шудааст.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ, Ҳамрохон Ҷумъаевич Дӯстов(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 24 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 сентябри 2020.