Ҳандбол (дан. håndbold, англ. handball аз hand — даст ва ball — тӯб), гандбол — бозии варзишии дастаӣ бо тӯб.

Ҳандбол
Тавсифот
Аввалин мусобиқот
Федератсияи байналмилалӣ
Ном International Handball Federation[d]
Лоиҳаҳои марбут
 Парвандаҳо дар Викианбор

Навъҳо

вироиш

Ду навъи бозии ҳандбол маъмул аст: 7х7 (7 бозигар дар даста) ва 11х11 (11 бозигар дар даста). Ҳандболи 7х7-ро соли 1898 Х. Нилсони даниягӣ ихтироъ кардааст. Ҳандболи 7х7, одатан, дар толори варзиши масоҳаташ 40х20 см мегузарад. Бозигарон мекӯшанд ба дарвозаи (3х2 м) ҳариф, ки онро дарвозабон муҳофизат мекунад, тӯби бо ҳаво пуркарда (вазнаш 425—475 г, ҳаҷмаш 50-60 см)-ро партоянд. Бозигарон ҳуқуқ надоранд, ки то 6 м ба дарвозаи ҳариф наздик шаванд. Бозигар бо тӯб 3 сония ва танҳо 3 қадам монда метавонад. Барои вайрон кардани қоидаи бозӣ бозигар 2 ё 5 дақиқа аз бозӣ дур карда мешавад. Ҳандболи 11х11 дар майдони футбол мегузарад. Бозӣ аз ду пайт (давр)-и 30-дақиқагӣ (барои дастаҳои занона 25 дақиқа) иборат аст. Соли 1926 ҳандбол ҳамчун навъи варзиши байналхалқӣ эътироф гардида, соли 1928 Федератсияи байналхалқии ғайрикасбии гандбол ва соли 1946 Федератсияи байналхалқии гандбол таъсис ёфт. Соли 1936 қоидаҳои бозии 7х7 тасдиқ гардида, бозии ҳандбол аз рӯйи қоидаи 11х11 ба барномаи Олимпиадаи соли 1936 дохил карда шуд. Нахустин чемпионати ҷаҳон оид ба ҳандбол соли 1938 дар шаҳри Берлин доир гардид. Ҳандболи мардона (7х7) соли 1972 ва ҳандболи занона соли 1976 ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил карда шуд. Мусобиқаҳои байналхалқӣ оид ба ҳандбол дар 4 сол як бор баргузор мешаванд.

Ҳандбол дар Тоҷикистон

вироиш

Федератсияи ҳандболи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002 таъсис ёфт. Онро соли 2009 Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифт. Дар шаҳрҳои Душанбею Хоруғ ва ноҳияҳои Панҷу Рӯшон дастаҳои гандболбозон ташкил карда шуданд. Дар Тоҷикистон аз соли 2005 оид ба ҳандбол чемпионатҳои ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд. Соли 2011 гандболбозони тоҷик дар мусобиқаҳои дар шаҳри Файсалободи Ҷумҳурии Исломии Покистон доиргардида ширкат карданд. Соли 2012 дастаи духтаронаи ҳандболбозони тоҷик дар мусобиқаҳои дар шаҳри Самарқанд доиргардида, сазовори ҷойи 3-юм шуд.

Сарчашма

вироиш