Ҳанзалаи Бодғисӣ (форсӣ: حنظله بادغیسی‎; дарг. 834) — шоири порсисаро, яке аз нахустин шоирон ва гӯяндагони шеъри порсӣ дар дар аҳди Тоҳириён.

Ҳанзалаи Бодғисӣ
Таърихи даргузашт: 834
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Зиндагинома ва мероси адабӣ

вироиш

Соҳибони китоби адаб ва тароҷим ӯро аз муосирони давлати Оли Тоҳир шумурдаанд.Ҳанзалаи Бодғисиро Муҳаммад Авфӣ дар «Лубобулалбоб», Низомии Арӯзӣ дар «Чаҳор мақола» аз ҷумлаи шоирони замони Тоҳириён (820—873) донистаанд. Ризоқулихони Ҳидоят соли вафоти Ҳанзаларо 219 ҳиҷрӣ (834 милодӣ) зикр кардааст. Муҳаммад Авфӣ ин ду байтро аз ҷумлаи ашъори ин шоир медонад:

Ёрам сипанд агарчи бар оташ ҳамефиганд
Аз баҳри чашм, то нарасад мар варо газанд,
Ӯро сипанду оташ н-ояд ҳаме ба кор
Бо рӯи ҳамчу оташу бо холи чун сипанд.

Низомии Арӯзӣ дар «Чаҳор мақола» ду байти зеринро чун намунаи шеъри Ҳанзалаи Бодғисӣ овардааст:

Меҳтарӣ гар ба коми шер — дар аст,
Шав, хатар кун, зи коми шер биҷӯй!
Ё бузургию иззу неъмату ҷоҳ,
Ё чу мардон-т марг рӯёрӯй.

Намунаи ашъор

вироиш
Ёрам сипанд агарчи бар оташ ҳамефиганд
Аз баҳри чашм, то нарасад мар варо газанд,
Ӯро сипанду оташ н-ояд ҳаме ба кор
Бо рӯи ҳамчу оташу бо холи чун сипанд.
Меҳтарӣ гар ба коми шер — дар аст,
Шав, хатар кун, зи коми шер биҷӯй!
Ё бузургию иззу неъмату ҷоҳ,
Ё чу мардон-т марг рӯёрӯй.

Адабиёт

вироиш
  • Забебуллоҳ Сафо. Таърихи адабиёт дар Эрон.-ҷ.1, с.179-180
  • Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ.Душанбе-2007