Подшоҳии Ҳаннофер (олмонӣ: Königreich Hannover) — вилояти таърихӣ ва давлат (асрҳои 17–19) дар шимолу ғарби Олмон.
То охири садаи XII ба ҳайати герсогии Саксония, ки онро сулолаи Велфов идора мекард, дохил буд. Баъди пошхӯрии он герсогии Брауншвейг-Люнебург (аз соли 1235) ба бузургтарин мулк табдил ёфт, ки онро намояндагони сулолаи Велфов идора мекарданд. Дар асрҳои баъдӣ герсогӣ ба мулкҳои нисбатан хурд тақсим шуд. Дар садаи XV аз ҳайати он Волфенбюттел ва Каленберг-Гёттинген ҷудо шуданд. Герсог Брауншвайг Вилгелми хурдӣ бо бародараш мулки умумии меросиро байни худ тақсим карданд ва ӯ асосгузори хонадони ҳанноферҳо гардид. Дар садаи XVII намояндагони ӯ қисми зиёди мулки авлодӣ (Люнебург, Каленбург, Гётинген ва ғайра)-ро ба ҳукумати худ муттаҳид карданд. Соли 1636 герсог Георг фон Каленберг шаҳри Ҳанноферро қароргоҳи худ интихоб кард, ки баъд тамоми вилоят ин номро гирифт. Соли 1962 дар замони ҳукмронии герсог Эрнст Август Ҳаннофер дар ҳайати империяи Руми Муқаддас ба князии дар интихоби император иштироккунанда, табдил ёфт. Соли 1714 князи Ҳаннофер Георг Людвиг ҳамзамон шоҳи Британияи Кабир (бо номи Георги I) гашта, ба сулолаи Ҳаннофер асос гузошт. Соли 1719 шаҳрҳои Бремен ва Вердер ба ҳудуди Ҳаннофер ҳамроҳ карда шуданд. Дар ин давра князӣ ба яке аз марказҳои фарҳангии Олмон (соли 1737 Донишгоҳи Гёттинген таъсис дода шуд) табдил ёфт. Дар давраи Ҷанги ҳафтсола (1756–63) Ҳанноферро фаронсавиҳо забт карданд. Соли 1803 Ҳаннофер аз ҷониби лашкари Наполеон ишғол карда, ба ҳайати Прусия, шоҳигарии Вестфал дохил шуд. Дар Конгресси Вена (1814–15) мулкҳои Фрисландияи Шарқӣ, Ҳилдесҳайм, Линген, Меппен ба Ҳаннофер ҳамроҳ карда шуданд ва он мақоми подшоҳӣ гирифта, узви Иттиҳоди Олмон гардид. Дар Ҳаннофер намояндагии табақотӣ (1819) ва конститутсия ҷорӣ карда шуд. Соли 1837 герсоги кемберлендӣ Эрнст Август (1837–51), нахустин намояндаи сулолаи Ҳаннофер, ки шоҳи Британияи Кабир набуд ва дар Олмон зиндагӣ мекард, ба тахт нишаст. Дар натиҷаи ҷанги Утришу Прусия соли 1866 Ҳаннофер, ки дар он аз тарафи Утриш иштирок кард, ба музофоти Прусия (1866) табдил дода шуд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон (1939–45) ҳудуди Ҳаннофер ба минтақаи ишғолнамудаи британиягии Олмон дохил карда шуд. Аз соли 1946 қисми зиёди Ҳаннофер ба ҳайати мулки федеролии Саксонияи Поёнӣ ва қисми камаш ба ҳайати Саксония-Анҳалт дохил гардид.