Ҳанновер (шаҳр)

Ҳаннофер (олмонӣ: Hannover [haˈnoːfɐ], олм. поин Hannober) — шаҳр, маркази маъмурии музофоти Саксонияи Поён дар Олмон, дар соҳили д. Лайн. Аҳолиаш тақрибан 537 ҳазор нафар (31.12.2019).

Шаҳр
Ҳаннофер
Hannover
Neues Rathaus Hannover März 2010.jpg
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар Олмон
Координатаҳо 52°22′28″ а. шим. 9°44′19″ т. ш.HGЯO
Роҳбар Belit Onay
Масоҳат 204,14 км²
Баландии марказ 55 м
Забони расмӣ олмонӣ
Аҳолӣ 536.925 нафар (31.12.2019)
Зичӣ 2630 наф./км²
Вақти минтақавӣ UTC+2
Коди телефон 0511
Нишонаи почта

30159–30179

30419–30669
Коди мошин H
Сайти расмӣ hannover.de
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Ҳаннофер дар харитаи
Ҳаннофер
Ҳаннофер

ИқтисодВироиш

Маркази бузурги р. о. Бандар дар д. Лайн ва дарёчаи Олмони Миёна. Фурудгоҳи байналмилалӣ (Ҳаннофер-Лангенҳаген), трамвайи зудрав (бо минтақаҳои зеризаминӣ), шаш хатти роҳи оҳани наздишаҳрӣ дорад. Дар маъхазҳои таърихӣ бори аввал соли 950 зикр шудааст. Соли 1150 герсог Ҳейнрих Лев дар Ҳаннофер қасри худро сохт. Аз соли 1241 шаҳри Ҳаннофер қароргоҳи оилаи герсогҳои Брауншвайг-Люнебург (1636) буда, аз 1692 пойтахти князии Брауншвайг-Люнебург. Ҳаннофер соли 1866 ба ҳайати Прусия ворид шуд. Дар охири садаи XIX ба маркази бузурги р. о. ва саноатии мамлакат табдил ёфт. Солҳои 1943–45 бар асари бомбаборони қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии иттифоқчиён хароб гардида, солҳои 50-и садаи XX аз рӯйи нақшаи тартибдодаи британиҳо қисман барқарор карда шуд. Ҳоло Ҳаннофер маркази муҳимми саноатӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ ва нақлиётии Олмон аст. Дар Ҳаннофер заводҳои коркарди филлизоти ранга, мошинасозӣ (аз ҷумла локомативсозӣ, поездсозӣ, тракторсозӣ), корхонаҳои электронӣ, электротехникӣ, кимиёӣ, табъу нашр, бофандагӣ, хӯрокворӣ мавҷуданд.

Ёдгориҳои таърихӣВироиш

Ёдгориҳои таърихию меъмории Ҳаннофер: калисоҳои Маркт (1359), Кройс (1333), димнаи калисои Эгиден (1350), Ратушаи куҳна (1435–1480). Ратушаи нав (1913) дар соҳили кӯли сунъии Маш-Тайх, қасри шоҳии Лайне (1640; ҳозира Ландтаги Саксонияи Поён), қароргоҳи тобистонии шоҳии Ҳерренхаузен (асрҳои 17–18; бо боғи калон ба услуби барокко ба гунаи Версал, 1666–1714), хонаи Баллҳоф (1664), Манораи Бегинен (1357), сутуни Ватерлоо (42 м; 1832), Манораи телевизионии «Телемакс» (1992). Дар Ҳаннофер Донишгоҳи ба номи Ҳаннофер В. Лейбнитс, мактаби олии тиббӣ, академияи театр ва мусиқӣ, осорхонаҳои Саксонияи Поён, бадеӣ, таърихӣ, театрӣ, ҳавопаймоӣ, Осорхонаи инфиродии нависанда В. Буш, хонаи Ҳаннофер В. Лейбнитс, театри опера, боғи ҳайвонот, боғи ботаникии Берг фаъолият доранд. Аз соли 1947 то имрӯз ҳар сол намоишгоҳҳои байналмилалии саноатӣ, инчунин, намоишгоҳҳои илмию-техникӣ, озмунҳои ғижжакнавозон, телекоммуникатсионӣ (мухобиротӣ), кишоварзӣ, техникӣ гузаронида мешаванд.

ПайвандҳоВироиш

Саҳифаи расмӣ

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш