Ҳаракати Маздакия — ҳаракати деҳқонон ва камбағалони шаҳрӣ дар давлати Сосониён (ибтидои солҳои 90-уми асри 5 – охири солҳои 20-уми садаи 6). Ба замони ҳукмронии Кайкубодшоҳ (солҳои 488-531) рост меояд. Ба ин ҳаракат Маздак роҳбарӣ мекард. Унвони ҳаракат аз номи роҳбараш пайдо шудааст. Асосгузори ин ҳаракати халқӣ ибни Хурроӣ буд, ки дар нимаи дуюми асри V умр ба сар бурдааст. Маздак шогирди ӯ буд.

Ақидаҳои Маздак вироиш

Ақидаҳои Маздак ба халқ фаҳмо буданд. Ӯ мегуфт, ки ҳуқуқи азалии ҳамаи одамон баробар аст. Бинобар ҳамин сабаб нобаробарии сарватдорону камбағалонро барҳам задан мебояд. Маздак ва ҷонибдорони ӯ ба мардум мегуфтанд, ки парвардигор неъматҳоро барои ҳама баробар офаридааст. Бинобар ин мардум онҳоро бояд дар байни худ боинсофона тақсим кунанд. Вале теъдоде аз одамон бо ин роҳ нарафта, бо фиребу найранг дорои молу мулк ва сарвати зиёд шудаанд. Аз ҳамин сабаб пайравони Маздак мегуфтанд, ки онҳо моли мардуми дороро бо зӯрӣ кашида гирифта, ба одамони камбағал тақсим карда медиҳанд, то ки ҳамаи онҳо баробар зиндагӣ кунанд. Маздакиён мегуфтанд, ки натанҳо одамкушӣ, балки куштани чорво низ гуноҳи азим аст. Вале баҳри мубориза бар зидди нерӯи зишт одамкушӣ равост. Бо ин ақида онҳо гуфтанӣ буданд, ки куштани одамони бою сарватманд равост. Дар зери таъсири ин ғояҳо сафи маздакиён сол то сол зиёд шуда, ба қувваи пурзӯре табдил ёфт.

Шӯриш вироиш

Ин буд, ки Маздак шӯриш бардошта дар пойтахти Эрон ва шаҳру маҳалҳои дигари мамлакат молу мулки бойҳоро кашида гирифта, дар байни мардуми камбағал тақсим карданд. Қисми ашхоси сарватманд ба қатл расонида шуда, қисми ҷонбасаломатбурдаи онҳо аз тарси марг ба хориҷи кишвар фирор кард. Кайқубодшоҳ аз маздакиён сахт тарсида, эълон намуд, ки ҷонибдори онҳо аст. Барои ин кирдораш аъёну ашроф ӯро аз тахти подшоҳӣ афтонда, ба ҷои ӯ писарашро шинонданд. Онҳо Кайқубодшоҳро ба зиндон партофтанд, вале дере нагузашта, ӯ аз он ҷо гурехта, ба назди шоҳи Ҳайтолиён рафт. Шоҳи Ҳайтолиён, ки падарарӯси Кайқубодшоҳ буд, ваьда дод, ки ба ӯ ёрӣ мерасонад, то ки аз нав ба тахту тоҷи давлати Сосониён соҳиб шавад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Баъди аз нав ба тахти подшоҳӣ нишастан Кайқубод бо фиребу найранг роҳбари шӯриш Маздак ва баъзе роҳбарони дигари маздакиёнро дастгир намуда, ваҳшиёна ба қатл расонд. Дар сар то сари мамлакат ҳазорон нафар пайравони Маздакро қир кард. Баъд аз вафоти Кайқубодшох Хусрави I, ки душмани ашадии маздакиён буд, ба тахти подшоҳӣ нишаста, бар зидди онҳо муборизаро давом дод. [1].[2]

Манобеъ вироиш

  1. Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон. – Душанбе,2008. 870 с.(пайванди дастнорас)
  2. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 93-120.

Пайвандҳои беруна вироиш

§1-2. ДАВЛАТИ СОСОНИЁН