Ҳаракатҳои тафтишотӣ

Ҳаракатҳои тафтишотӣ — гурӯҳи ҳаракатҳои мурофиавие, ки баҳри ошкор ва ҷамъ намудан, санҷидан, баҳо додани далелҳо, мустаҳкам намудани онҳо равона шудаанд ва тартиби гузаронидани онҳоро қонунгузории мурофиаи ҷиноятй муқаррар намудааст. Чунин намудҳои ҳаракатҳои тафтишотиро қонун муайян намудааст:

  1. пурсиш (шоҳид, ҷабрдида, гумонбаршаванда, айбдоршаванда ва ғайра),
  2. рӯбарӯкунй, нишондиҳй барои шинохтан, кофтуков, ёфта гирифтан,
  3. ҳабси молу мулк,
  4. азназаргузаронӣ,
  5. шаҳодаткунонӣ,
  6. гузаронидани экспертиза,
  7. эксперименти тафтишотй,
  8. эксгуматсияи ҷасад ва дигарҳо.

Таъиноти аксарияти ҳаракатҳои тафтишотӣ аз гирифтани далелҳои нав (пурсиш, кофтуков, ёфта гирифтан, азназаргузаронй ва ғайра) иборат аст, вале бархе аз ҳаракатҳои тафтишотӣ (масалан рӯбарӯкунӣ, нишондиҳӣ барои шинохтан) барои санҷидани далелҳои пеш ба даст овардашуда гузаронида мешавад. Як қатор ҳаракатҳои тафтишотй на танҳо барои ёфта гирифтан ва санҷиши далелҳо, балки бо дигар мақсадҳо низ гузаронида мешавад. Масалан, ҳабси молу молк бо мақсади таъмини даъвои гражданӣ ва таъмини мусодираи молу мулк гузаронида мешавад.

Қонун на танҳо намудҳои ҳаракатҳои тафтишотиро муайян мекунад, балки асос, шарт ва тартиби гузаронидани онҳоро ҳаматарафа муқаррар мекунад. Онҳо фақат пас аз оғози парвандаи ҷиноятӣ (ба истиснои азназарғузарони ҷои ҳодиса) ва фақат аз тарафи шахсони мансабдор ва мақомоти барои гузаронидани онҳо вақолатдор - муфаттиш, мақомоти таҳқиқ, таҳқиқбаранда, прокурор гузаронида мешаванд. Барои гузаронидани як қатор ҳаракатҳои тафтишотй (кофтуков, ёфта гирифтан, шаҳодаткунонӣ ва ғайра) баровардани қарори махсус ва дар баъзе ҳолатҳо гирифтани санксияи прокурор талаб карда мешавад. Дар рафти гузаронидани онҳо ҳаракатҳое, ки саломатӣ ва бехатарии шаҳрвандон, бехатарии экологии муҳити атрофро зери хавф мегузоранд, манъ карда мешавад. Дар рафти гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотй асосҳои ахлоқ бояд риоя карда шавад. Рафт ва натиҷаҳои ҳаракатҳои тафтишотй дар протоколҳои дахлдор, ки ҳамчун сарчашмаи далел эътироф мсшаванд, сабт карда мешавад. Бисёре аз ҳаракатҳои тафтишотӣ бо иштироки на кам аз ду шахси холис гузаронида мешавад.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 507-508