Ҳасан Ирфон
Ҳасан Ирфон (22 марти 1900, Самарқанд — 22 июни 1973) — тарҷумон, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1961).
Таърихи таваллуд: | 22 март 1900 |
---|---|
Зодгоҳ: | Самарқанд |
Таърихи даргузашт: | 22 июн 1973 (73 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Самарқанд |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | |
Солҳои эҷод: | аз 1930 |
Жанр: | роман, қисса |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Зиндагинома
вироишҲасан Ирфон 22 марти соли 1900 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Дар мадраса ва мактаби усули нав таҳсил карда, Курси дусолаи ҳисобдории Петроградро ба итмом расондааст. Соли 1919 дар идораи моҳномаи «Шуълаи инқилоб» тарҷумон будааст. Баъдан раиси корхонаи абрешим, тарҷумони Кумиҷроияи вилояти Самарқанд, раиси чопхонаи Комиссариати халқии заминдории Ӯзбекистон, муаллими забони форсии Донишгоҳи давлатии Самарқанд будааст. Сипас дар колхозу корхонаҳои гуногун кор кардааст, соли 1960 ба нафақа баромада, то охири умраш ба кори эҷодӣ машғул гардидааст. Муаллифи романи маъруфи «Дар кулбаи косибон» (1963) ва қиссаи «Ду ёр аз ду диёр» (1964) мебошад, ки аз ҳар ҷиҳат мумтозу ҷолибанд. Романи «Дар кулбаи косибон» соли 1970 аз тариқи нашриёти «Советский писатель» (Маскав) ба забони русӣ нашр шудааст. Фаъолияти эҷодияш ба аввали солҳои сиюми асри мо рост меояд. Тарҷумаи сегонаи М. Горкий «Бачагӣ», «Дар байни мардум», «Университетҳои ман», қиссаи А. Толстой «Ғалла», Б. Полевой «Достони марди ҳақиқӣ», Н. Чернишевский «Чӣ бояд кард?», С. Бородин «Ситораҳо дар осмони Самарқанд» ва ғ. ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Осори алоҳидаи Г.Севунц «Теҳрон», Д. Дефо «Робинзон Крузо», Жюл Верн «Бачагони капитан Грант», Р. Ҷованоли «Спартак», Р. Такур «Завол» ва дигар адибони машҳури оламро устодона ба тоҷикӣ гардондааст. Соли 1961 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст. 22 июни соли 1973 аз олам даргузаштааст.
Осор
вироиш- «Дар кулбаи косибон» (1963) роман
- «Ду ёр аз ду диёр» (1964) қисса
Тарҷумаҳо
вироиш- Жюл Верн «Бачагони капитан Грант»
- Д. Дефо «Робинзон Крузо»
- Р. Ҷованоли «Спартак»
- Р. Такур «Завол»
- Г.Севунц «Теҳрон»
- С. Бородин «Ситораҳо дар осмони Самарқанд»
- Н. Чернишевский «Чӣ бояд кард?»
- А. Толстой «Ғалла»
- М. Горкий «Бачагӣ»
- М. Горкий «Дар байни мардум»
- М. Горкий «Университетҳои ман»
- Ҳасан Сайидбели «Телефончидухтар»
Сарчашма
вироиш- Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе: «Адиб», 2014. — С. 96 ISBN 978-99947-2-379-9