Ҳасан Яздонии Чиротӣ ( форсӣ: حسن یزدانی چراتی‎ ) — куштигири озодкори эронӣ, қаҳрамони олимпии соли 2016 дар вазни то 74 кг, се бор қаҳрамони куштии тарзи озоди ҷаҳон, ҷоизадори мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 ва 2018, қаҳрамони бисёркаратаи куштии тарзи озоди Осиё.

Ҳасан Яздонӣ
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Кишвар
Тахассус freestyle wrestling[d]
Зодрӯз 26 декабр 1994(1994-12-26) (29 сол)
Зодгоҳ
Мураббӣ
Қад 181 сантиметр
Вазн 86 кг
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

28 декабри соли 1994 дар деҳаи Лапусаҳрои шаҳристони Ҷӯйбори устони Мозандарони Ҷумҳурии Исломии Эрон [1] таваллуд шудааст.

Аввалин мусобиқоти байналмилалӣ барои Ҳасан Қаҳрамонии Осиё миёни наврасон дар Бангкок (2011) буд, ки дар вазни то 50 кг соҳиби нишони биринҷӣ гашт. Дар ҳамон сол ӯ барандаи нишони нуқраи Қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасон дар Маҷористон шуд. Алакай дар мусобиқоти наврасон дар соли 2014 ӯ ҳам дар Қаҳрамонии Осиё ва ҳам дар Қаҳрамонии ҷаҳон нишони тило ба даст овард.

Дар Қаҳрамонии ҷаҳон -2015 дар Лас Вегас дар вазни то 70 кг нишони нуқра ба даст оварда, дар финал аз Магомедрасул Газимагомедови рус шикаст хӯрд.

20 августи соли 2016 дар рақобати ниҳоии бозиҳои олимпик ба ҳарифи русаш Аниувар Гадуев ғолиб омада,ҳамин тавр Қаҳрамони бозиҳои олимпики Риё дар вазни то 74 кг гашт.

Дар мусобиқоти Қаҳрамонии ҷаҳон -2021, ки моҳи октябр дар пойтахти Норвеж баргузор шуд, дар вазни то 86 кг қаҳрамони ҷаҳон шуд. Дар финал бар паҳлавони амрикоӣ Дэвид Тейлор ғолиб омад [2].

Эзоҳ вироиш

Истинод вироиш

  • Хассан Яздани — омори олимпӣ дар сайти Sports-Reference.com(англ.)
  • Хассан Яздани — профиль на сайте International Wrestling Database (англ.)