Ҳасрат
Мирзо Олимчони Ҳасрат аз шоирони охири асри XVIII ва нимаи аввали асри XIX мебошад. Ҳасрат дар Ҳисор таввалуд ёфта, дар давраи хукмронии амир Шохмурод ва амир Ҳайдар қашшокона зиндагӣ карда, дар мадрасаҳои Бухоро таҳсили илм намудааст. Девони пурраи шоир дастрас нест. Ашъори шоир, ки дар баёзу тазкираҳо сабт гардидааст, аз ғазалу мухаммасҳо иборат аст.
Намунае аз ғазалиёти шоир:
вироиш- Аз бахти бад ғариб шудам, бенаво шудам,
- Танхонишини гушаи мехнатсаро шудам.
- Аз хоки остони ту, эй бахти номурод,
- То эътибори худ талабидам, чихо шудам.
- Сайри чаман надоштам, акнун зи бахти бад
- Аз ин чаман ба чидани барге ризо шудам.
- Чун охи бениёз бурун мекашад маро,
- Аз баҳри хеш дар дили хар кас, ки чо шудам.
- Хасрат касе ба захми дили ман назар накард,
- Харчанд бар чароҳати мардум даво шудам.
- Аз рӯйи ту бӯйи гули садбарги тар омад,
- Аз шаъшаи ҳусни ту рашки қамар омад.
- Сар то ба қадам сӯхтам аз оташи ишқат,
- Аз равзани дил ин ҳама дуди ҷигар омад.
- Гуфтам, ки занам теғи ҷафо бар ҷигари худ,
- Аз ҷониби дил боз садои дигар омад.
- То субҳ нишастам ба умеде сар роҳат,
- Маъшуқи ман аз хонаи худ ҷилвагар омад.
- Ҳасрат ба кӣ гӯям аламу дарди диламро,
- Бо ҳар ки нишинам зи ман ӯро ҳазар омад.
- Рабуд дил зи мани хаста он нигор охир,
- Накард раҳм ба ин ҷони беқарор охир.
- Аҷаб мадор, агар бар фалак равад оҳам,
- Ки сухт тоқатам аз доғи интизор охир.
- Қадам зи обила оростам ба роҳи талаб,
- Набаст дидаи ман нақши васли ёр охир.
- Ҷунун гирифта гиребони тоқату ҳушам,
- Чӣ сеҳр буд, надонам, лабат нигор охир.
- Зи худ бурун шудам, к-аз рамидани нигаҳат,
- Ки шоядам гузар афтадба он диёр охир.
- Кушода дор ҷабини карам сӯйи Ҳасрат,
- Шуд ин дурӯза дами умр нафасшумор охир.
- Нестам як лаҳзае осудадил з-он бевафо,
- Риштаи уммед бубридаст бо теғи ҷафо.
- Мерасад ҳар дам ба ҷону дил зи тири ғамзааш,
- Кош баҳри қатли ман саъйе намояд беибо.
- Зери бори сабр души тоқатам фарсуда аст,
- Кардаам аз мадди оҳи хештан бар худ асо.
- Баски дидам турфа бераҳмӣ аз он махмури маст,
- Зери бори меҳнати ӯ қомати ман шуд дуто.
- Сурмае аз хоки пояш хостам, бардошт тир,
- Аз куҷо ҳосил шавад, ё раб, маро ин моҷаро.
- Ғамзаи ӯ ҷонгудозу шеваи ӯ дилфиреб,
- Аз хаёли чашми ӯ гаштам ҳамоғӯши фано.
- Хуни Ҳасрат то ба кай резӣ, дило, аз чашми ман,
- Бош то гардад дар ин раҳ Хизри ишқаш раҳнамо.
- Чӣ бошад аз карам гар як нигоҳе сӯйи мо афтад,
- Гиреҳ аз кори душворам ба як ангушт во афтад.
- Ғуборам аз сияҳбахтӣ надорад боли парвозе,
- Магар бар фарқи хокам сояи боли ҳумо афтад.
- Дар ин ҳайратсаро як ғунчаи пурхун диле дорад,
- Ки аз ҳар тори мижгон иқди ёқуте ба по афтад.
- Таку този нафас боду ҳавои тираиқболист,
- Агар оҳе кашам аз сина, оташ дар само афташ.
- Ба ҷуз беҳосилӣ барге зи нахлам сар занад, Ҳасрат,
- Ба гардун гар саре соям ба зери нақши по афтад.
Аз мухаммасхо
вироиш- Ба меҳрат ё зи роҳат бенасибонро кӣ мепурсад?
- Ба хок афтодагон, бедаступоёнро кӣ мепурсад?
- Барои дарди мо кӯйи табибонро кӣ мепурсад?
- Ба ғайр аз дард ҳоли дардмандонро кӣ мепурсад?
- Ба шоми бекасӣ ҷуз ғам ғарибонро кӣ мепурсад?
- Шарори ҳусни Лайли оташе бар ҷони Мачнун зад,
- Чу фонуси хаёле шуд аз ӯ партав ба берун зад.
- Шабе тире ба ҷонам ёди он чашмони мафтун зад,
- Сипохи лашкари андух бар ҷонам шабохун зад.
- Дар ин холат парешонрузгоронро ки мепурсад?
- Асират ман, намедонам бало бар ҷонам афканди,
- Дилам бурдию эй мах рахна бар имонам афканди,
- Тамоми шавку завкат бар дили бирёнам афканди,
- Тамошои рухат бар дидаи гирёнам афканди.
- Чи хуб карди ба ҷонам, кун тамошо,аз сарат гардам.
- Буте дорам, ки бошад қиблаам меҳроби абрӯяш,
- Ки то ҷон дар бадан дорам, нагардам аз сари куяш,
- Дилам шуд қумриосо майл бо он сарви дилҷӯяш,
- Бигаштам ҳамчу сарсар рӯзу шаб андар такопӯяш,
- Муродам ин, ки биншинам диҳам ҷонро ба зонуяш.
- Шудам вобастаи шӯхи дилороми малаксимо,
- Надорам чора ғайр аз сӯхтан бо он бути раъно,
- Ба дардам ғайри васли ту дигар набвад даво асло,
- Чӣ созам васфат, азбаски ҳама хуб аст сартопо.
- Хусусан он ду чашми пурхумору холи ҳиндуяш.