Ҳафизулло Амин (пушту حفيظ الله امين‎ 1 августи 1929 — 27 декабри 1979) — ходими давлатии афғон, сиесӣ ва ҳизбӣ, узви КМ ҲХДА, вазири корҳои хориҷӣ (1978-1979), вазири мудофиа, сарвазир, Котиби генералии КМ ҲХДА ва раиси шӯрои Инқилобии Афғонистон (1979).

Ҳафизулло Амин

Расидан ба қудрат

вироиш

14 сентябри соли 1979 дар қароргоҳи раисиҷумҳури ҶДА Нур Муҳаммад Таракӣ, Ҳафизулло Амин аз сӯиқасд наҷот ефт, ва дар онҷо посбони Амин сахт захмӣ шуд. Дар ҷавоби ин амали сӯиқасд, Низомиёни бригадаи 2 танкӣ ва дигар ҷузъу томҳое, ки ҷонибдорони гурӯҳи "Халқ"-ро дастгирӣ мекарданд, қасри президент Таркиро иҳота карданд ва то соати 2-и шаб онро забт карданд.[1].

16 сентябри соли 1979 Амин ба қудрат расид, Пешгузаштаи худ Нур Муҳаммад Таракиро барканор кард ва сипас кушт. Амин таъқиботҳои сиесии дар замони Таракӣ оғозшударо ҳам бар зидди рӯҳониени тундрав ва ҷонибдорони режими пешин ва ҳам бар зидди фраксияи рақиби ҳизбии "Парчам" фаъолона идома дод.

Даргузашт дар натиҷаи сӯқасд

вироиш

Худи ҳамон сол (соли 1979) Амин ду маротиба аз сӯиқасд 16 ва 27 декабр (кӯшиши заҳролудшавӣ) наҷот ефт, аммо рӯзи 27 декабр дар натиҷаи ҳуҷуми бомуваффақият аз ҷониби хадамоти иктишофии шӯравӣ ба қасри Ҳафизулло Амин,[2] дар оғози ҷанги Афғонистон (1979-1989) ӯ кушта шуд.

  1. Павел Демченко. Как это начиналось в Афганистане. «Эхо планеты» № 46, ноябрь 1989 года
  2. А.Гуськов. ПЕРВЫЙ ГЕРОЙ АФГАНСКОЙ ВОЙНЫ Россія, Москва, 20.12.2002 г. (публикация службы внешней разведки России) http://svr.gov.ru/smi/2002/ros20021220.htm Бойгонӣ шудааст 5 августи 2007  сол.