Гелиокл (Гелиокл Дикей; юн.-қад. Ηλιοκλής) — охирин подшоҳи давлати Юнонии Балх. Писар ва вориси Евкратид (171–145 то м.).

Ҳелиокл
Сурат
Таърихи таваллуд асри II то м.
Таърихи даргузашт асри II то м.
Пеша фармонраво
Падар Eucratides I[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гелиокл соли 155 то м. ҳангоми ба тасхири мулкҳои Ҳиндустон рафтани Евкратид ҳамчун ворис ва шарики ҳокимият ба тахт нишаста, барои афзудани нуфузаш духтари Евтидем – шоҳбону Лаодикаро ба занӣ мегирад. Ҳамзамон Гелиокл сиккаҳои пулие зарб мезанад, ки дар як тарафи он симояш тасвир шудааст. Ба қавли таърихнигори юнонӣ Юстин «Евкратид ҳангоми бозгашт дар роҳ аз ҷониби Гелиокл, ки шарики ҳокимият буд, кушта мешавад. Писар ин фоҷиаи ногувори падаркуширо ниҳон накарда, баръакс бо гардунааш аз болои ҷасади ӯ гузашта, амр медиҳад, ки ҷасадро дафн накунанд». Ҳангоми қудратёбии Ашкониёни Порт дар замони Меҳрдод (Митридоти I) (171–138) қисми зиёди Бохтар зери тасарруфи ӯ гузашта, охирин зарбаро ба давлати Юнону Бохтар кӯчиёни юечжи (тахорӣ) заданд ва Гелиокл дар яке аз муҳорибаҳо кушта шуд.

Адабиёт

вироиш
  • История таджикского народа. Т. 1., Д., 1998;
  • Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби 3. Д., 2009.

Сарчашма

вироиш