Анри́ Бергсо́н (фр. Henri Bergson; 18 октябри 1859, Порис — 4 январи 1941, ҳомон ҷо) — файласуфи фаронсавӣ, инкишофдиҳандаи ғояҳои спиритуализм (таъ­лимоти идеалистии фалсафӣ, ки мабдаи рӯҳониро моҳи­яти олам ва тамоми моддиётро офаридаи Худо мешуморад), интуитивизм (ҷараёни фалсафии идеалистӣ, ки фаросатро ягона воситаи идрок меҳисобад) ва фалсафаи ҳаёт; узви Академияи Фаронса ва Президенти улуми ах­ло­қӣ ва сиёсӣ (1914), нахустин Президенти Комиссияи байналмилалӣ оид ба ҳамкории маънавии созмондодашуда дар чаҳорчӯбаи Лигаи Миллатҳо (1922—1924).

Ҳенрӣ Бергсон
фр. Henri Bergson
Таърихи таваллуд 18 октябр 1859(1859-10-18)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 4 январ 1941(1941-01-04)[4][1][3][…] (81 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ фалсафа, метафизик, эпистемология, irrationalism[d], фалсафаи забон[d] ва philosophy of mathematics[d]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: докторӣ[d][8]
Алма-матер
Шогирдон Gabriel Marcel[d], Émile Bréhier[d], Louis Lavelle[d], Albert Thibaudet[d], Marcel Proust[d] ва Joseph Baruzi[d]
Ҷоизаҳо
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи литсейҳои Кондоре (1868-78) ва Клермон — Ферран (1883-88). Аз соли 1888 дар Париж зистааст. Сол­ҳои 1900-04 профессор Колеҷ де Франс буд. Бергсон бар асоси анъана­ҳои фалсафаи аҳди атиқа ва Давраи нав, ҳамчунин таъ­лимоти намояндагони спиритуализми садаи 19 «метафизикаи позитивӣ»-ро созмон дод. Он имконияти дониши саҳеҳи фалсафӣ дар бораи оламро таъйид ва дар айни ҳол, чаҳорчӯби ратсионализми анъанавиро аз тариқи му­ро­ҷиат ба воқеияти мушаххаси таҷриба бартараф намуд.

Фалсафии Бергсон

вироиш

Ғояи асосии фалсафии Бергсон — ғояи мудовамат (давом­нокӣ, тӯли замонӣ)-и вақти психологӣ мебошад, ки моҳи­яти тафаккури инсон ва шахсияти ӯро ҳамчун махлуқи озоду эҷодкор ва инкишофёбанда арзёбӣ мекунад. Таъ­лимоти мудоваматро ӯ дар асараш «Таҷриба дар бораи маълумоти бевоситаи тафаккур» (1889) ва дар асарҳои дигараш («Таҳаввули эҷодкорона», «Нерӯи рӯ­ҳонӣ» ва ғайра) инкишоф дод. Дар таълимоти ӯ мудовамат на фақат асоси раванди рӯҳонӣ, балки асоси тамоми олами орга­никӣ ва мавҷудоти зинда низ қарор гирифт. Муқобил­гузории «мудовамати воқеии замонӣ» ба замони муҷар­ради илм нуқтаи атфи (бозгашт) таълимоти дигар бунёдии Бергсон мебошад. Дар он Бергсон байни фаросат (интуитсия), ки мудовамат (ҳамчунин ба таври куллӣ рӯҳ)-ро дарк мекунад ва тафаккур — усули илмӣ, ки дониши дуруст дар соҳаи материяи ғайриорганикӣ медиҳад, фарқ гузошт.

Асари асосии давраи аввали фаъолияти фалсафии Бергсон (1889—1907) — «Таҳаввули эҷодкорона». Давраи дуюми фа­ъо­лияти эҷодии Бергсон (1907-32) таҳқиқи масъалаҳои ах­лоқӣ ва динӣ мебошад. Масоили мазкур дар китоби «Ду манбаи ахлоқӣ ва динӣ» (1932) матраҳ шудаанд. Дар ин асар тасаввуроти қаблии таҳаввул (эволютсия)-и Бергсон бо ғояҳои сарбастаи (миститсизми) дини насронӣ ба таври хеле мураккаб мавриди таъсиру ҳамкории мутақобила қарор мегиранд, ки ин қазия манбаи асосии илҳоми Бергсон дар фаъо­лияти манбаъдааш қарор гирифтааст.

Бергсон на фақат ба инкишофи фалсафаи садаи 20, балки ба дигар соҳаҳои фарҳанг низ таъсири бузург гузошт. Дорандаи Му­кофоти нобелӣ дар соҳаи адабиёт.

  • Essai sur les données immédiates de la conscience, 1889
  • Matière et mémoire, 1896
  • Le Rire, 1900
  • Introduction a la metaphysique, 1903
  • L'Évolution créatrice, 1907
  • Les Deux sources de la morale et de la religion, 1932
 
Навиштаҷот дар девори Пантеон дар Париже
 
Сурати Анри Бергсон. Рассом. Д. Бланш

Адабиёт дар бораи А. Бергсон

вироиш
  • Блауберг И. И. Анри Бергсон. — М.: Прогресс-Традиция, 2003. — 672 с. — ISBN 5-89826-148-6
  • Блауберг И. И. Социально-этическое учение А. Бергсона и его современные интерпретаторы // Вопросы философии. — 1979. — № 10. С. 130—137.
  • Бобынин Б. Н. Философия Бергсона // Вопросы философии и психологии. — 1911. — Кн. 108, 109.
  • Лосский Н. О. Интуитивная философия Бергсона. — Пг.: Учитель, 1922. — 109 с.
  • Свасьян К. А. Эстетическая сущность интуитивной философии Бергсона. — Ереван: АН АрССР, 1978.
  • Ходж Н. Бергсон и русский формализм // Альманах «Аполлон». Бюллетень № 1. Из истории русского авангарда века. — СПб., 1997. С. 64—67.

Адабиёт

вироиш