Ҳерман Гюнтер Грассман (олмонӣ: Hermann Günther Grassmann; 15 апрел 1809[1][2][3][…], Штеттин[d][4]26 сентябр 1877[1][2][3][…], Штеттин[d], Подшоҳии Пруссия[d]) — риёзидон, физикдон ва филологи олмонӣ.

Ҳерман Грассман
олмонӣ: Hermann Günther Grassmann
Таърихи таваллуд 15 апрел 1809(1809-04-15)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 26 сентябр 1877(1877-09-26)[1][2][3][…] (68 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ алгебра, физик, риёзиёт, филология, vector space[d][5] ва забоншиносӣ[5]
Алма-матер
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Дар асараш «Таълимот дар бораи бузургиҳои тӯлонӣ» (1844) аввалин бор таълимоти муназзамро дар бораи фазои уқлидусии бисёрченак, ки барои инкишофи ҳисобҳои векторӣ ва тензорӣ мусоидат намуданд, тартиб дод, вале бинобар хусусияти абстрактӣ (хаёлӣ) доштани таълимот ва истифодаи васеи истилоҳоти нав асар дастнорас буд. Дар китоби дарсии арифметика (1861) Ҳерман Грассман кӯшиши таълифи арифметикаи ададҳои томро намуд ва айни замон нақши муайянкунандаҳои индуктивиро ошкор сохт. Дар соҳаи физика Ҳерман Грассман дар бораи акустика ва таъсири мутақобилаи магнитии ҷараёнҳои магнитӣ асарҳо эҷод кардааст. Ақидаҳои умумии Ҳерман Грассман дар бораи фазоҳои векторҳои абстрактӣ боиси кашфи муқаррароти муҳим — имкони баррасии эҳсосоти рангӣ ҳамчун векторҳои сечена гардид, ки он ба таълимоти муосир дар бораи рангҳо замина гузошт. Ҳерман Грассман қонун дар бораи сохти рангҳоро муқаррар кардааст (1853). Ӯ ғайр аз илмҳои дақиқ инчунин дар забоншиносӣ ва омӯзиши забонҳои шарқӣ (чинӣ ва ҳиндии қадима) низ таҳқиқот анҷом дода, луғатномаи комили сурудҳои Ригведа (ёдгории адабиёти қадимаи Ҳинд)-ро тартиб ва асари мазкурро ба забони олмонӣ тарҷума кардааст (1875).

Сарчашма

вироиш