Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон
Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) — як ҳизби сиёсии мухолифи чапи миёна ба таври расмӣ сабтиномшудаи бо бовари сотсиал-демократӣ дар Тоҷикистон аст. Дар тамоми таърихи худ дар порлумони Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ курсӣ нагирифтааст. Раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров мебошад.
Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон | |
---|---|
Пешво: | Раҳматилло Зойиров |
Санаи асосгузорӣ: | 20 декабр 2002 |
Қароргоҳ: | |
Маром: | social democracy[d] |
Таърих
вироишҲизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) дар соли 2002 дар заминаи ҳизби «Адолат ва Тараққиёт», ки фаъолияти он соли 1999 аз суйи додгоҳ мутаваққиф шуд, ташкил шуд. Ҳизби «Адолат ва Тараққиёт» дар соли 1998 дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шуда буд.
Шумори аъзои ин ҳизб ҳоло беш аз 7000 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад ва гуфта мешавад беш аз 40 дар сади аъзои онро сокинони шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, ба гуфтаи масъулони ҳизби сусиёл-демократ, ҳудуди 42 дарсади аъзои ин ҳизб занон ва духтарон буда ва барои ширкат дар интихобот аз ҷумлаи ҳафт номзади интихоботӣ ду нафарро занон ташкил медиҳанд. Масъулини ҲСДТ мегӯянд, бештари ҷонибдорони ин ҳизб дар шаҳри Душанбе ва манотиқи Суғду Бадахшон сукунат доранд.
Аҳдоф
вироишҲадафи асосии ин ҳизб таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳокимияти мардумӣ, авлавияти қонун, озодии баён ва риояти таъаҳҳудоти байналмилалии Тоҷикистон, бавижа дар робита бо ҳуқуқи башар, мубориза бо фасоди молӣ ва ришвахорӣ, ислоҳот дар сиёсати кодрӣ, таъйини авлавиятҳо дар сиёсати хориҷӣ бо дарназардошти манофеъи миллӣ унвон шудааст. ҲСДТ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла дар марокизи ду вилояти Суғд ва Бадахшон ва дар шаҳри Душанбе созмонҳои маҳаллии худро таъсис додааст.
Шиори ҲСДТ «Хирад, Адолат ва Тараққиёт ба ҳар хонадони Тоҷикистон» мебошад[1]. ҲСДТ таъмини адолати иҷтимоӣ дар ҷомиъа, барқарор кардани ҳокимияти мардумӣ аз поён ба боло, волоияти қонун ва ҳуқуқ, эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва дифоъ аз онро аз аҳдофи умда дар барномааш ҷой додааст.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
Эзоҳ
вироиш- ↑ Платформаи пешазинтихоботии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ). www.jumhuriyat.tj. Ҷумҳурият (24 феврали 2015). 23 Январ 2023 санҷида шуд.