Ҳимояи Конститутсионии ҳуқуқ

Ҳимояи Конститутсионии ҳуқуқ — дар қисми 2 моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Дар моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон пазируфта шудаанд, ҳифз карда мешаванд. Дар таъмини ҳимояи конститутсионии ҳуқуқ мавқеи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - суд, прокуратура, мақомоти корҳои дохилӣ калон аст. Хусусан вазифаи асосии суд дар татбиқи адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрванд зоҳир мешавад.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 508