Мавлоно Мирзо Сулаймон Ҳисобии Натанзӣ (форсӣ: میرزا سلمان حسابی نطنزی‎; 1540, Натанз — 1611, Табрез) — ориф, донишманд, шоир[1], навозанда ва мусиқидони форс-тоҷик.

Ҳисобии Натанзӣ
Таърихи таваллуд: 1540
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1611
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: ориф, шоир, навозанда, мусиқидон

Зиндагинома

вироиш

Дар Кошон ба камол расида, дар илмҳои тиббу риёзиёт, фалсафа, ахлоқ, шеър ва мусиқӣ тасаллут дошт. Ҳисобӣ дар мусиқӣ ва шеър истеъдоди баланд дошта "Дар илми мусиқӣ моҳир ва таснифоти бомазза, «савт»-у «нақш», «амал», «пешрав»-ҳои бадеъ аз ӯ зи понздаҳ гӯяндагони «Ироқ» аст, эҷод кардааст. Ҳисобӣ дар шаклу анвои шеърию мусиқии «қавл», «рехта», «саҷъ», «соқинома», «пешрав» дар заминаи савту навои мақомҳои «Рост», «Ҳиҷоз», «Наво» таснифоти рангин сохта, дар ҳавзаҳои Ироқи Аҷам, Табрезу Кошон шуҳрату эътибори зиёди ҳунарӣ доштаанд. Матни аксари таснифоти мусиқиашро худи Ҳисобӣ эҷод намуда, ғазалу рубоӣ, маснавиро дар пояи баланди бадеӣ месуруд ва мисраъи зерин далели табъи саршори шоирии ӯст:

Дишаб касе ба ҳоли мани нотавон набуд,
Аҳволи дил мапурс диле дар миён набуд.

Ҳисобӣ пайравону мубаллиғони зиёд дар мусиқӣ ва шеър доштааст.

  1. میرزا سلمان / سلیمان حسابی نطنزی. ویستا. 24 май 2024 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. —ISBN 978-99947-49-13-3.