Ҳиспониюло (исп. La Española, фр. Hispaniola, ҳоитиёӣ: Ispayola) ё Ҳоитӣ (фр. Haïti, ҳоитиёӣ: Ayiti, таино «кишвари кӯҳӣ») — дуввумин ҷазираи калон аз гурӯҳи ҷазираҳои Антили Калон дар Вест-Индия. Масоҳаташ 76,5 ҳазор км². Дар байни ҷазираҳои Куба ва Пуэро-Рико ҷойгир аст, аз онҳо бо гулӯгоҳҳои Наветренний ва Мона ҷудо шудааст.

Ҳиспониюло
Нигора
Қитъа Амрикои Шимолӣ
Кишвар
Минтақаи замонӣ UTC−05:00[d]
Макони кунунӣ
Ҷойгир аст дар назди обанбори Уқёнуси Атлантик
Мавқеият Caribbean[d]
Баландтарин нуқта Pico Duarte[d]
Шумораи аҳолӣ
Зербахш Ҷумҳурии Доминикан ва Ҳоитӣ
Баландӣ аз сатҳи баҳр 3 098 м
Масоҳат
  • 76 420 км²[2]
Периметр 3 059 км
Тасвири нақшаи мавқеият
Detail map
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳиспониюло аз ҷинсҳои оташфишонӣ ва таҳшинӣ ташаккул ёфтааст. Сатҳаш асосан кӯҳсор аст, нуқтаи аз ҳама баландаш кӯҳи Дуарте (3175 м). Ҳаити маҳалли серзилзила мебошад. Иқлимаш тропикии хушк. Нишебиҳои ҷанубии ҷазира бо бешаҳои ҳамешасабзи тропикӣ пӯшида шудаанд. Дар Ҳиспониюло ва ноҳияҳои дохилӣ бешаҳои баргрез ва буттазорҳо, дар пастиҳо боғу майдони кишт (плантатсияҳо)-и зироати тропикӣ (қаҳва, какао, найшакар, пахта, тамоку, шолӣ) мавҷуданд.

Сарватҳои зеризаминиаш: кони боксит, мис, тило, нуқра. Дар Ҳиспониюло ҷумҳуриҳои Ҳоитӣ ва Доминикан ҷойгиранд. Ин ҷазираро соли 1452 Х. Колумб кашф карда, Эспанола номида буд.

Сарчашма

вироиш