Ҳолатҳои воқеии хуқуқӣ
Ҳолатҳои воқеии хуқуқӣ — ҳолатҳои мушаххаси ҳаётианд, ки бо онҳо меъёрҳои ҳуқуқ пайдоиш, тагӣир ва қатъи муносибатҳои ҳуқуқиро вобаста мекунанд (шартномаи гражданӣ, фармон дар хусуси ба вазифа таъйин кардан, таваллуд ва ғайра). Вобаста ба алоқамандӣ бо иродаи инсон ҳолатҳои воқеии хуқуқӣ ду намуд мешаванд: ҳодиса (таваллуди инсон, офати табиӣ ва ғайра) ва ҳаракат ё амалиёт (содир кардани ҷиноят, бастани шатрномаи хариду фурӯши манзил ва ғайра).
Рафторҳо, ҳуқуқӣ (иҷрои вазифаҳои меҳнатӣ ва ғайра) ва зиддиҳуқуқӣ (ҷиноят, кирдорҳои интизомӣ, маъмурӣ, ҳуқуқвайронкунии гражданӣ) мешаванд. Маҷмӯи якчанд ҳолатҳои воқеии ҳуқуқиро таркиби воқей меноманд.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 513