Ҳомидҷон Сангинов
Ҳомидҷон Сангинов (тав. 1924, ноҳияи Конибодом – ваф. маълум нест), физиолог, номзади илмҳои тиб, дотсент, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ.
Зиндагинома
вироишСоли 1952 факултети муолиҷавии донишкадаи тиббиро хатм кардааст. Солҳои 1942–1946 дар сафҳои Артиши Шуравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1947–1952 донишҷӯи Донишкадаи тиббии ш. Душанбе, 1952–1955 аспиранти Донишкадаи маркази такмили ихтисоси духтурон, 1955–1967 ассистенти Донишкадаи тиббии ш. Душанбе ба номи Абӯалӣ ибни Сино, 1967–1970 муаллими калони кафедраи анатомия ва физиологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1970–1998 мудири кафедраи мудофиаи граждании донишкадаи номбурда буд. Муаллифи зиёда аз 30 корҳои илмӣ, илмию методӣ буда, дар конференсияҳои илмию назариявӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Бо ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаи якум ва 10 медал мукофотонида шудааст.
Пайвандҳо
вироишИн мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |