Ҳотифи Исфаҳонӣ
Ҳотифи Исфаҳонӣ (форсӣ: هاتف اصفهانی; Исфаҳон — 1783) — пизишк ва шоири форс-тоҷик.
Зодгоҳ: | |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1783 |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишСаид Аҳмад Ҳусайнӣ мутахаллис ба Ҳотифи Исфоҳонӣ аз шоирони номии дар замони Афшория ва Зиндия аст. Асли хонадони ӯ аз аҳли Урудбоди Озарбойҷон буда, ки дар замони подшоҳони Сафавӣ аз он диёр ба Исфаҳон ҳиҷрат карда ва дар ин шаҳр маскун гардидаанд. Таваллуд Ҳотиф дар нимаи аввали қарни дувоздаҳум иттифоқ афтодаву дар он шаҳр ба таҳсили риёзиву ҳикмат ва тиб пардохтаву гуё дар ин фунун аз маҳзари Мирзо Муҳаммад Насири Исфаҳонӣ истифода кард ва дар шеър низ Муштоқро роҳнамову устод худ ихтиёр намудааст. Ҳотиф дар ҷавонӣ ба шеъргуи пардохт ва дар тули зиндагӣ ороми худ аз мадҳи шоҳон ва руй овардан ба дарбори салотн худдорӣ кард ва бештар ба мутола ва ҳикмату ирфон машғул буд. Вай дар сол 1198 даргузашт.(1)
Мероси адабӣ
вироишҲотифи Исфаҳонӣ шоири тавоно ва мусаллат ба забону адаби форсӣ буд. Вай аз сабки шуарои мутақаддим форс бавижа Ҳофиз ва Саъдӣ пайрави мекард ва табъи худро дар сурудани тамоми қолабҳо шеърӣ махсусан ғазал, қасида ва рубоӣ, тарҷеъбанду таркиббанд озмудааст. Шуҳрати умдаи Ҳотф ба сабаб шоҳкории бузурги адабии ӯ (тарҷеъбанди ирфонӣ) аст, к дар он хам аз лиҳози ҳусну таркиб алфоз ва ҳам аз лиҳози тавсифи маъонӣ доди сухан додааст. Ӯ марсияҳо зебое низ бо истифода аз моддаи торих (ҳуруфи абҷад) дар марги бузургон ва дустони худ суруд, ки ин ашъор аз арзиш болое бархурдоранд. Муҳимтарин асари боқимонда аз Ҳотфи Исфаҳонӣ девони ашъори ӯ ва чандсад байт шеър ба забон арабӣ аст.
Намуна осор
вироиш- Эй фидои ту ҳам дилу ҳам ҷон,
- Эй нисори раҳат ҳам ину ҳам он.
- Дил фидо ту чун туи дилбар,
- Чон нсори ту чун туи ҷонон.
- Дил раҳондан зи даст ту мушкил,
- Ҷон фшондан ба пои ту осон.
- Соқи оташ пур асту оташдаст,
- Рехт дар соғар оташи сузон.
- Чун кашидам на ақл монду на ҳуш,
- Сухт ҳам куфр аз ону ҳам имон.
- Маст афтодаму дар он мастӣ,
- Ба забоне, ки шарҳ он натвон.
- Ин сухан мешунидам аз аъзо,
- Ҳама ҳаттул вариди вал шарён.
- Ки яке ҳасту ҳеч нест ҷуз ӯ,
- Ваҳдаҳу ло илоҳа иллоҳу.(2)