Ҳофизи Мираки Бухороӣ
Ҳофизи Мираки Бухороӣ (?, Бухоро — 1598/99, Ҳирот) — мусиқидон, навозанда, хонанда, шоир ва хаттоти форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишФаъолият, зиндагии Ҳофизи Мираки Бухороӣ дар Бухоро, Ҳирот, Марв сурат гирифта, камолоти ҳунариаш асосан дар Бухоро ҷараён ёфта, асосҳои амалию назарии созу овоз, шеър ва ҳунарҳои бадеиро дар зодгоҳаш андӯхтааст. Ҳофизи Мирак муддати чанд сарпарастии нақорахонаи Султон Ҳусайн Бойқароро (1470—1506) ба уҳда дошт ва дар тарбияи ромишгарон саҳми устодӣ дорад. Барои Хадичабегим (зани Ҳусайн Бойқаро) дар шаклҳои шеърию мусиқии «савт», «амал», «қавл», «нақш» асарҳо офарида, аз ҷумла «Амали Бегим», «Нақши ситораи паррон», «Қавли оташи дил» дар ҳаёти мадании Ҳирот таҳаввулоти назирасароиро тақвият бахшид. Ҳофизи Мираки Бухороӣ дар усулҳои «Шодиёна», «Хоразмӣ» барои нақорахона таснифоти «Амали Мирак», «Сарбанди нақора», «Нақши Мирак», «Чанбари нақора», «Савти нақора» ва ғайраро офаридааст. Шеърро (ғазал, рубоӣ) некӯ мегуфтааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. —ISBN 978-99947-49-13-3.