Ҳоҷӣ Муҳаммад Чамканӣ
24 ноябр 1986 — 30 сентябр 1987 | |
Таваллуд |
1919 |
Даргузашт |
2012[1] |
Эътиқод | суннӣ |
Ҳоҷӣ Муҳаммад Чамканӣ ( пашту: حاجي محمد څمکنی дарӣ: حاجی محمد چمکنی 1947 — 2012 [2] ) — арбоби давлатии Афғонистон .
Зиндагинома
вироишМуҳаммад Чамканӣ — аз қабилаи паштунҳои вилояти Пактиё аст. Писари заминдори хурд — падараш қариб ду гектар замин дошт. Ӯ дар байни қабилаҳои паштун нуфуз дошт, дар замони подшоҳ Зоҳиршоҳ вакили палатаи халқии парлумон буд, баъдан — сенатор. Бо режими Бабрак Кормал, ки бо кумаки Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон таъсис ёфта буд, ҳамкорӣ мекард, аммо узви Ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон набуд. Моҳи январи соли 1986 ҷонишини раиси Шӯрои Инқилобӣ (дастгоҳи олии ҳокимияти давлатии Афғонистон) таъин шуд ва то моҳи май соли 1988 дар ин вазифа буд. Солҳои 1986—1988 — Раиси Шӯрои марказии Луя Ҷиргаи олии қабилаҳо (дастгоҳи машваратии назди Вазорати миллатҳо ва қабилаҳои Афғонистон).
Моҳи ноябри соли 1986 — сентябри соли 1987 баъд аз истеъфо рафтани сардори Шӯрои Инқилобӣ Бабрак Кормал вазифаи ӯро иҷро мекард. Вай дар аҳди раҳбари воқеии кишвар Муҳаммад Наҷибулло, ки он вақт расман Афғонистонро сарварӣ мекард, нақши номиналӣ бозид. Инчунин, Чамканӣ аз соли 1987 муовини раиси Президиуми Шӯрои олии Оштии миллӣ дар Афғонистон буд. Таъин намудани Чамканй дар заминаи таъмин намудани садоқати аз қабилаи паштунҳо ба режими ҲХДА ва дар айни замон, таассуроти тақсимоти ҳақиқии ҳокимият бо ходимони ғайриҳизб алоқаманд буд. Аммо иҷрои ин вазифаҳо дар амал муяссар нашуд.
Ӯ дар соли 1992 баъди ба қудрат расидани муҷоҳидин Афғонистонро тарк кард.
Адабиёт
вироиш- Афғонистон. Феҳристи мухтасари тарҷумаиҳолӣ. М., 2004.(русӣ)
Эзоҳ
вироиш- ↑ http://rohi.af/fullstory.php?id=22472
- ↑ د سلاکار وزیر او پکتیا والی ډګر جنرال جمعه خان همدرد د خواشینۍ پیغام, Rohi (11 August 2012). Бойгонӣ шудааст 25 Декабри 2018 сол. Проверено 23 феврали 2016.