Ҳоҷӣ Сайидолими Каздонӣ

Ҳоҷӣ Сайидолими Каздонӣ тав(20.03.1927.ваф.18.08.2013)шоир,табиб,омӯзгор,Аълочии маорифи халқ (1981),узви хазинаи адабии ИНТ(2010),узви Иттифоқи журналистон (1995) Ҳоҷӣ Сайидолим Каздонӣ соли 1927 дар деҳаи Каздон дар оилаи косиб таваллуд шудааст.Дар хурдӣ дар назди Эшони Ҳоҷӣ Рӯзаи Аён сабақ омӯхта сипас ба мактаб рафтааст.Бо сабаби сар задани Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ муддате дар колхози кор карда сипас ба Омузишгоҳи Уротеппа меравад.Соли 1952-1956 донишҷӯи ДДОТ,Аввалин омӯзгори дори маълумоти оилӣ дар Каздон.Пас хатми Донишгоҳ ба деҳа баргашта ба омӯгорӣ машғул мешавд.Тӯли зиёда аз 40 сол дар мактаби ба номи Бедил аз фанни забон ва адабиёт инчунин аз риштаи алифбои ниёгон ба тадриси хонандагон машғул мешавад.Ҳоӣ Саидолими Каздонӣ шогирдони зиёде аз ҷумла:академик Қурбон Восеъ,профессор Нарзулло Қурбонов,арабшинос Нарзуллоҳ Назар,сафир Зубайдулло Зубайдов,адабиётшиносон Ҳамза Боқиев,Ризо Хокироев,професоор Бахшулло Ҷумаев ва дигарон мебошанд.Ҳоҷӣ Саидолим бо бисёре аз шахсиятҳои шинохтаии сиёсиву фарҳангӣ аз ҷумла:Лоиқ Шералӣ,Гулназар,Сайдалӣ Маъмур,Сафаралӣ Кенҷаев,Адирмуҳаммад Зафарзода,Ҳомидҷон Зоидов,Файзулло Ансорӣ,Аҳмад Абдуллоев,Аҳрор Мухторов,Ҳақназар Ғоиб,Мақсуд Шукуров,Шерхон Салим,Расулхон Ҳодизода,Муҳаммадон Шакурӣ,Собирҷон Мирзоев,Худоӣ Шариф,Султон Сафар,Меҳмон Бахтӣ,Доро Наҷот,Қутбӣ Киром,Махсум Олимӣ,Яъқуб Аълоев риштаи дустӣ доштанд.Аз соли 1998 ба нафақа баромада дар шаҳри Душанбе ба кори эҷодӣ машғул буд.Муаллифи китобҳои "Баҳр дар кӯза","Умри дубора","Тушаи мусофир","Наврӯз вуҷуди сабза бедор кунад" ва ғайраҳо мебшад.Инунин як атор мақолаҳои Ҳоҷӣ Саидолим дар матбуоти даврӣ дар боби одобу ахлоқ ба табъ расидаат.Ҳоӣ Сайидолими Каздонӣ ба шаҳрҳои Бухоро,Самарқанд,Ургут,Боку сфар кардааст.Дар баробари касби омӯзгорӣ инчунин табиби ҳозиқ ва ботҷариба буд,ки даҳо шахсиятҳои маъруфу машҳури ҷумҳуриро табобат кардааст. Дар бораи Ҳоҷӣ Саидолим як қатор мақолаҳо аз ҷониби адабиётшиносон ва олимон таълиф шудааст.Ба гуфтаи профессор Мирзо Аҳмадов " Ҳоҷӣ Саидолим аз овони донишҷӯи ҷавони чусту чолок,озода ва дилдарёб буд вале дорои иродаи мустаҳкам буд.Ҳоҷӣ Саидолими Каздонӣ соли 2013 дар синни 86 солагӣ аз олам дар гузашт. Ӯ тавонист номи худро абадан дар соҳаи маориф ва илм сабт созад.