Шарафуддин Абулфазл Ҳубайш ибни Иброҳими Тифлисӣ (форсӣ: ابوالفضل حبیش بن ابراهیم بن محمد تفلیسی‎; ? — 1233) — адиб, пизишк, мунаҷҷим ва нависандаи форсӣ ва арабинавис.

Ҳубайши Тифлисӣ
Зодгоҳ
Кишвар

Таълифот

вироиш

Китобҳои зерин аз таълифоти ӯст: «Усулу-л-малоҳим», «Баёну-с-синоот», «Баёну-н-нуҷум», «Тарҷумону-л-қавофӣ» (ба форсӣ), «Тақвиму-л-адвияти-л-муфрада», «Талхису илали-л-Қуръон», «Сиҳҳату-л-абдон», «Қонуну-л-адаб фӣ забти калимоти-л-араб» (ба форсӣ), «Комилу-т-таъбир», «Мадхал ило илми-н-нуҷум», «Малҳамату Дониёл» ва ғайра.

Адабиёт

вироиш
  • Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», ҷ. 5, Лубнон, 2007.