Ҳумоми Табрезӣ (форсӣ: همام تبریزی‎), Ҳумомуддин ибни Аълои Табрезӣ (1238, Табрез1314) — шоир, ориф ва донишманди форс-тоҷик.

Ҳумоми Табрезӣ
форсӣ: همام الدین تبریزی
Таърихи таваллуд: 1238
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1314
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ, озарии бостон[d] ва арабӣ

Зиндгинома

вироиш

Ӯ дар Табрез таваллуд шуда, чанд гоҳе дар Озарбойҷон вазир будааст. Ҳумом ба забонҳон тоҷикӣ-форсӣ ва арабӣ шеър менавиштааст. Девони ғазалиёти вай қариб ду ҳазор байт дорад. Ӯ «Сӯҳбатнома» ном манзумае низ доштааст. Ҳумом 25 сафари таърихи 714 ҳиҷрӣ 3 Июни соли 1314 дар 78-солагӣ вафот кардааст. Аммо ба ақидаи Э. Броун Ҳумоми Табрезӣ дар синни 116-солагӣ вафот кардааст.

Махмуд писари Фаридун Хумоми Табрези шоири асри хаштум ҳиҷрӣ дар Эрон аст. У дар ғазал аз худ тавоноии бисёр нишон дод. Хумом шадидаро дустдори Саъди Шерози буд ва бо ӯ мукотиба дошт ва бино бар бархи ёддоштхо хангоме, ки Саъди ба Озорбойчон сафар кард бо Хумом низ дидор дошт. Шумораи аз ғазалиёти ӯ бар майнаи ғазалҳои аз Саъди, бар ҳамон вазн ва кофия ва радиф сохта шудаанд

Ҳумом ва забони Озари

вироиш

Табрези ба забони бумии он замони Табрез ва Озарбойчон яъне Забони Эронии Озари низ ашъор ва адабиёт дорад

Аз ғазалиёт

вироиш
Насими субх, меояд зи куй дилситони мо,
Бар он боди абирафшон барафшонем ҷони мо.
Чу мо бо дарди муштоқӣ бурун рафтем аз олам,
Миёни дӯстон умре бимонад достони мо.
Биҳищту хур мебошад муроди мардум аз тоат,
Вале дидори ёр омад биҳишти ҷовидони мо.
Дар ин вайрона зоронро бувад унсе зи нодонӣ,
Ба Қофи кӯрб мезебад чу Симурғ ошёни мо.
Ба ҷон бишнав ҳар он маъни, ки аз лафзи Ҳумом ояд,
Ки бӯи ҷон ҳамеояд зи назми дӯстони мо.
Ба он ки баршикасти чун зулфи хеш моро,
Гуфтанд адаб набошад паймошикан нигоро.
Хастанд подшоҳон пеши дарат гадоён,
Бингар чй кадр бошад дарвеши бенаворо.
Аз чашми ман нигохи, эй оби зиндагони
Васлат муносиб омад симургу кимиёро
З — он лаб саломи моро нашнидаам чавобе,
Бегона мешумори ёрони ошноро.
Чашми ту рехт хунам, шарм оядам, ки гуям
Аз баҳри нимчоне бо дӯст мочароро.
Суи Хумом бингар боре ба чашми эхсон,
Бо банда илтифоте расм аст подшоро
Руят ба хар анчуман дарег аст,
Сарви ту ба хар чаман дарег аст.
Чое ки сухан равад зи руят,
Васфи гулу настаран дарег аст.
Дар дасти насими субхгохи
Он зулфи пур аз шикан дарег аст.
Касро нарасад хадиси он лаб,
К-он худ ба забони ман дарег аст.
Андоми латифу нозуки дӯст
Дар сухбати перахан дарег аст.
Васфи лаби хеш хештан гуй
Дар хар дахан он сухан дарег аст
Шахре чу Хумом агар бимиранд,
Як пурсиш аз он дахан дарег аст


Зи ҷонон меҳру аз мо ҷонфишонист,
Чавоби меҳрубони — меҳрубонист.
Хаме гуяд лабаш, к-инак ману ту,
Гарат савдои оби зиндагнист.
Ту он шамъи, ки ҷон парвонаи туст,
Киро парвои шамъи осмонист.
Дами Исо ба анфосат чи монад,
К-аз ин ҳосил ҳаёти човидонист.
Хумоми меҳрубонро аз лабат хам
Насибе хасту он ширинзабонист.
                                                                                                 *    
Хусни туро мамолики дилхо мусаххар аст,
Мукбили касе, ки васли ту уро муяссар аст.
Чашму дил аз мушохидаат бенасиб нест,
Накшад чу бар сахифаи ҷонам мусаввар аст.
Гулзор чун бихишт шавад фасли навбохор
Чонам фидои он ки аз ин хар ду хуштар аст.
Дар ҷони найшакар набувад он халовате.
К-андар лабу хадису дахони ту музмар аст.
Аз бандагит дураму ҷон бо ту дар ҳузур,
Чое ки нест хивати ҷон чашм бар дар аст.
Дуст он дораду он аст, ки ҷон мебахшад,
Мехрубони ба дили ахли дил он мебахшад.
Сифати руи дилором кунем, к-у дорад
Он малохат, ки халоват ба забон мебахшад.
Оташи ишқи туям дод ҳаёте бех аз он-к
Оби Алванд ба хоки Хамадон мебахшад.
Чашму абру туро гу, ки ба нахчир марав.
Сайд худ руй бар он тиру камон мебахшад.
                                                                                                 *    
Ёд бод, он роҳати ҷон ёд бод,
Ошиконро ахли ҷонон ёд бод.
Чун тамошоро ба сарвистон равем,
Кадди он сарви хиромон ёд бод.
Гучаҳои гул чу ояд дар назар,
Он лаби ширини хандон ёд бод.
Равшани, к-аз рӯзи васлаш ёфтам,
Дар шаби торики хичрон ёдбод.
Мехр бо руяш ба ҷон варзидаанд,
Мерубонро меҳрубонон ёд бод.
  • * *
Дардмандонро зи буи дӯст нармон мерасад,
Муждаи фарзанд пеши пири Канъон мерасад.
Юсуфи Канъони аз зиндон хамеёбад халос,
Хотами давлат ба ангушти Сулаймон мерасад.
Чашм равшан мешавад чунсубхи давлат мерасад,
В-ин шаби торики зулмони ба поён мерасад.
Медурахшад абру мегуяд замини мурдаро,
Тозаву сероб хохи шуд, ки борон мерасад.
Хамчу султони набуватро зи анфоси Увайс,
Чони моро роҳати аз буи ҷонон мерасад.
Ин насими хушнафас в-осоиши ҷони Хумом,
Аз губори манзили ӯ анбарафшон мерасад.


Чист давлат?-Сухбати сохибдилон дарёфтанд,
Ё ҳузури дустони меҳрубон дар ёфтанд.
Сояҳои бед бар оби равон фасли баҳор,
Дар миёни бустон бо дустон дарёфтанд.
Аз муҳаббат боз ҷонро қуввати парвоз бахш,
То бар ӯ осон намояд ошён дарёфтанд…
Руи ҷононро замину осмон оинаанд,
Ку назар, то акси руяшро тавон дарёфтан?
Эй Хумом, аз нури руи ӯ агар бино шави,
Олами ҷонро тавони з-ин ҷаҳон дарёфтан.

Пайвандҳо

вироиш

[1] [2]