Ҳусайн Кабутович Бедилзода (тав. 13.09.1969, н. Восеъ) — сиёсатшинос, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ (2007). Аълочии маорифи Тоҷикистон

Ҳусейн Бедилзода
Ҳусайн Кабутович Бедилзода
Таърихи таваллуд 13 сентябр 1969(1969-09-13) (55 сол)
Зодгоҳ Ноҳияи Восеъ
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Зиндагинома

вироиш

Ҳусайн Кабутович Бедилзода солҳои 1991–1996 дар факултети таърихиДонишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ таҳсил намудааст. Солҳои 1996–1999 аспирант, с. 1998–2005 муовини декан оид ба гурӯҳҳои шартномавӣ, с. 2005-2010 муаллим, муаллими калон ва дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДОТ ба номи С. Айнӣ буд. Дар солҳои баъдӣ чунин фаъолияти меҳнатӣ доштааст: солҳои 2010-2011 ҷониши раиси хадамоти ДДОТ ба номи С. Айнӣ, с. 2011-2012 мудири шуъбаи тайёрӣ ва репетиторӣ, с. 2012-2013 ҷонишини директории Маркази такмили ихтисоси кормандони донишгоҳи мазкур, 2013-2014 ҷонишини декани факултети иқтисодиёт ва идоракунии маориф оид ба корҳои таълим, с. 2014 -2015 дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ, с. 2016 -2017 сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот ва аз солҳои 2017 -2021 мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ. Бо ифтихорномаи Вазорати маориф (2011) Аълочии маорифи Тоҷикистон (2012) тақдир гардидааст.

  • Сущность национальних отношений и основние фактори его развития. Д., 2007;
  • Специфика развития национальних и межнациональних отношений в Таджикистане. Д., 2007;
  • Дастури методӣ аз фанни сиёсатшиносӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ. Д., 2010.

Пайвандҳо

вироиш

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ