Ҳуқуқвайронкунии байналмилалӣ

Ҳуқуқвайронкунии байналмилалӣ — рафтори зиддиҳуқуқии (ҳаракат ё беҳаракатии) субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад, ки шартнома ва одатҳои байналмилалиро вайрон мекунад, зарари худро ба субъект ва субъектон, ё ин ки ба тамоми башарияти ҷаҳон мерасонад. Ҳуқуқвайронкунии байналмилалӣ ба ҷиноятҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо ҷудо мешаванд. Ба ҷиноятҳои вазнини байналмилалӣ ҷиноятҳо ба муқобили сулҳ, бехатарӣ ва инсоният дохил мешаванд.

Субъектҳои ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои байналмилалӣ давлатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони воқеӣ мебошанд.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - C. 520