Ҳуқуқи дар қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрӣ инъикосёфта Ҳуқуқи позитивй ном дорад. Онро ҳар як давлат дар қаламраваш муқаррару кафолат медиҳад. Заминаи онро ҳуқуки фитрӣ (маҷмӯи арзишу талаботҳои инсон) ташкил медиҳад, ки новобаста аз давлатҳо ҷой дошта, барои ҳамаи онҳо ҳатмй ва аввалиидарана буда, бо меъёр ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ кафолат дода мешавад.

Ҳуқуқи позитивӣ ба маънои объективӣ (айнӣ) аз маҷмӯи нишондодҳои ҳуқуқӣ (меъёрҳои ҳуқуқӣ, мафҳуму таърифҳои ҳуқуқӣ, принсипҳои ҳуқуқӣ) ва ба маънои субъективӣ (зеҳнӣ) аз имкониятҳои рафтори ҳуқуқӣ (ҳуқуқҳои шахсӣ, ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, ҳуқуқи талабкунӣ, ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти давлатӣ) иборат аст.

Мафҳуми ҳуқуқ дар илми муосир вобаста ба ин ё он равияи (назарияи) ҳуқуқ пешбарӣ мегардад, чунончй, ҳуқуқ ҳамчун меъёри адолат ва озодии инсон (дар фалсафаи ҳуқуқ), ҳуқуқ ҳамчун маҷмӯи нишондодҳои ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ (дар позитивизми ҳуқуқӣ), ҳуқуқ чун инъикоси низоми (кулли) муносибатҳои ҷамъиятии танзимгашта (дар сотсиологияи ҳуқуқӣ).[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 514-515