Ҳуқуқшиносӣ

(Тағйири масир аз Ҳуқуқшинос)

Ҳуқуқшиносӣ — маҷмӯи донишҳои воқеӣ ва илман асоснокгашгаест, ки тавассути онҳо воқеияти ҳукуқиву давлатӣ дарк ва омӯхта мешавад. Илми ҳуқуқшиносӣ ба гурӯҳи илмҳои ҷамъиятшиносӣ (гуманитарӣ) мансуб буда, бо таҳлилу омӯзиши илми воқеӣ ва ҳаматарафаи ҳукуқ ва давлат машғул аст. Объектҳои омӯзиши онро ҳуқуқ ва давлат ташкил медиҳанд. Илми ҳуқуқшиносӣ вазифаҳои маърифатӣ, методологӣ, пешбинии илмӣ, амаливу тарбиявиро иҷро мекунад. Он ба шохаҳои гуногун ҷудо мешавад. Маҷмӯи илмҳои ҳуқуқшиносии бо ҳам алоқаманд ва равобити зич дошта низоми илмҳои ҳуқуқшиносиро ташкил медиҳад, ки ба илмҳои назариявй-таърихй, соҳавй, байнисоҳавй, махсуси амалӣ, байналхалқӣ ҷудо мешавад. Илми ҳуқуқшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҷузъи ҷудонашавандаи илми ҳуқуқшиносии ҷаҳонй буда, дар шароити имрӯза як зумра вазифаҳоеро ба ӯхда дорад, ки азталаботи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд, иқтисоди бозорӣ ва таъмини ҳуқуқҳои инсон, ислоҳоти ҳуқуқӣ ва гуногунии афкор бармеоянд.[1]

Нигаред

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С. 176