Ҳуқуқ ба ахбор
Ҳуқуқ ба ахбор — тибқи ин ҳуқуқ ва меъёри конститусионӣ ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Ин ҳуқуқ дар Муоҳидаи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ муфассал нишон дода шудааст. Мувофиқи он ҳар кас ҳуқуқи доштани акида ва озодона ҷустуҷӯ, дарёфт ва паҳн кардани ҳар гуна ахбор ва ғояҳоро новобаста ба сарҳади давлатӣ, дар шаклҳои шифоҳӣ, хаттӣ ё ба воситаи матбуот ё шаклҳои бадеӣ дорад.
Татбиқи ин ҳуқуқ ба уҳдаи кас вазифа ва масъулияти махсус мегузорад. Вобаста ба ин ҳуқуқ ба иттилоот бо баъзе маҳдудиятҳо алоқаманд аст, ки қонун муайян кардааст ва барои эҳтироми ҳуқуқ ва номи неки шахсони дигар, барои ҳифзи бехатарии давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатӣ ё ахлоқи аҳолӣ зарур аст..[1]
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 515