Ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахс
Ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахс - дахлнопазирии шахс аз тарафи давлат бо чораҳои махсуси ташкилию ҳуқуқӣ кафолат дода мешавад. Бе қарори суд ё иҷозати прокурор хеч касро ҳабс кардан мумкин нест. Мувофиқи қонун прокурор вазифадор аст, ки ҳар як шахсро, ки хилофи қонун аз озо дӣ маҳрум шудааст ё зиёда аз муҳлати бо қонун ё ҳукми суд пешбинишуда дар ҳабс нигоҳ дода ешавад, дарҳол озод намояд. Кофтукови шахс дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ ба амал бароварда мешавад. Бе қарори махсус ва иҷозати прокурор кофтукови шахсро танҳо дар ду ҳолат гузаронидан мумкин аст, аввал дар ҳолати дастгир ва ҳабс кардан ва дуввум дар сурати мавчуд будани тахминҳои асоснок оид ба ҷой доштани чиз ё ҳуҷҷатҳои барои парвандаи ҷиноятӣ аҳамиятнок. Кофтукови шахсро фақат аз тарафи шахси ҳамҷинси вай ва дар ҳузури шахсони холис гузаронидан мумкин аст..[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 515