Ҳуқуқ ба маълумот
Ҳуқуқ ба маълумот — яке аз ҳуқуқҳои асосии иҷтимоию иқтисодии шахс мебошад. Ба ҳар кас давлат таълими миёнаи умумй, миёнаи касбй ва мувофиқи қобилият дар асоси озмун таълими миёнаи махсус ва олии бепулро дар муассисаҳои таълимӣ кафолат медиҳад. Ин намуди ҳуқуқ барои қонеъ гардондани талаботи шахс барои рушди ҳамаҷонибаи истеъдод, бақои зиндагӣ, баланд бардоштани дараҷаи кору сатҳи ҳаёт ва дар ин замина афзун намудани сарватҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавй барои таъмини тараққии иҷтимоию иқтиеодии давлат имкониятҳои мусоид фароҳам меоварад.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 517
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |