Ҳуқуқ ба меҳнат — тибқи модцаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳақ Дорад. Ҳамаи шаҳрвандон дар соҳаи муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ имконияти баробар доранд. Ҳама гуна фарқиятгузорй, иҷозат надодан ва ё қабул накардан ба кор аз рӯи мансубияти миллй, нажод, ранги пӯст, ҷинс, синну сол, дин, ақидаи сиёсӣ, маҳалли таваллуд, баромади хориҷй ё иҷтимоӣ, ки баробарии имкониятро дар соҳаи меҳнат барҳам мезананд, манъ аст. Ашхосе, ки дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ ҳуқуқи худро поймолшуда меҳисобанд, метавонанд бо аризаи дахлдор ба суд муроҷиат намоянд.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 517