Ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ

Ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ - ба гурӯҳи ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодӣ ҳуқуқи ҳар як шахс ба таъминоти иҷтимоӣ дар пиронсолй, ҳангоми беморй, маъюбй, гум кардани қобилияти меҳнатӣ, маҳрум шудан аз сарпарас т ва мавридҳои дигаре, ки қонун муқаррар кардааст, тааллуқ дорад (моддаи 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон). Низоми давлатии таъминоти иҷтимоӣ гамхории моддӣ нисбати одамоне, ки бо сабаби маъюбй ё пиронсолӣ қобилияти меҳнатиро гум кардаанд, расонидани ёрӣ ва имтиёз ба касоне, ки муваққатан корношоям гаштаанд, додани имтиёз ба кӯдакон, имтиёз ба модаронро дарбар мегирад. Қисми таркибии таъминоти иҷтимоӣ фонди иҷтимоӣ мебошад, ки он бо роҳи ҷудо кардани маблаг аз сарчашмаҳои гуногун барпо меёбад ва барои амалӣ кардани сиёсати иҷтимоии давлат ҳарҷ карда мешавад.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 519