Ҳуқуқ ба ҳаёт
Ҳуқуқ ба ҳаёт — ҳуқуқи асосии инсон ҳаққи зиндагӣ доштани ӯ мебошад (модцаи 18). Ин ҳукуқ бори аввал дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр ёфтааст ва ба моддаи 4 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар мувофиқат мекунад. Ин ҳуқуқ бо роҳҳои гуногун кафолат дода мешавад. Пеш аз ҳама, сиёсати сулҳҷӯёнаи давлат оид ба роҳ надодан ба ҷанг, даст кашидан аз ҳалли ҳарбии моҷароҳои иҷтимоию миллй, мубориза ба муқобили ташвиқоти ҷанг, муҳайё сохтани муҳити бехатарии иҷтимоӣ ва табий, андешидани чораҳои нигаҳдорӣ ва барқароркунии муҳити табиии атроф, ташкили хидматрасонии касбй, хидмати таъҷилии тиббй ва мубориза зидци май- парастӣ ва нашъамандӣ, мубориза ба муқобили ҷиноятҳои зидци шахс, нигаҳдории ғайриқонунӣ ва паҳн кардани яроқ ва ғайраро номбар кардан мумкин аст. Ин ҳама номгӯи нопурраи чораҳоест, ки бо мақсади таъмини ҳуқуқи шахс ба зиндагӣ бояд аз тарафи мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ андешида шаванд. Ҳеч кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳуқуқи суд барои содир кардани ҷинояти вазнин.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 518
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |