ҶДММ «Анзоб»
ҶДММ «Анзоб» — дар шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнии вилояти Суғд ҷойгир буда, истифодабарандаи кони сурмаи «Ҷиҷикруд» мебошад.[1]
Маълумот
вироишКорхонаи истихроҷ ва коркарди маъдан «Анзоб» | |||||||||||
Номи корхона | ҶДММ КМ ТА «Анзоб» | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Маҳсулоти истеҳсолшаванда | хокаи сурма | ||||||||||
Иқтидори лоиҳавии коркарди маъдан дар як сол | 420,0 ҳаз.тн | ||||||||||
Манбаъи ашёи хом | кони сурмаи «Ҷиҷикруд» | ||||||||||
Суроға | Вилояти Суғд, н.Айнӣ, шаҳраки Зарафшон |
Таърих
вироишҶДММ КМ ТА «Анзоб» ба истихроҷ ва коркарди кони сурмаву-симоби «Ҷиҷикруд»-и ноҳияи Айнии вилояти Суғд машғул буда, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҶСШК «Анзоб» бо Ширкати америкоии «Комсап» корхонаи муштарак таъсис дода шудааст. Ширкати «Комсап» баъди ба қайд гирифтани корхонаи мазкур ба маблағгузории лоиҳа аз рӯи Барномаи инвеститсионӣ шурӯъ кардааст ва бо мақсади реконструктсия ва барқарорсозии истеҳсолоти корхона дар муддати кӯтоҳтарин таҷҳизот ва технологияи нав харидорӣ намудааст.
Бо мақсади амалӣ намудани давраи якуми барнома – реконструктсияи иқтидорҳои мавҷудаи истихроҷ ва коркарди маъдан аз ҳисоби сармоягузории Ширкати «Комсап» дар ҳаҷми умумӣ зиёда аз 60 номгӯй – 1500 адад, 101 маҷмӯи таҷҳизоти истеҳсолӣ-технологӣ, 100 т конструксияҳои металлии хати флотатсионии фабрикаи бойгардонӣ, компрессорҳо, дастгоҳҳои пармакунӣ, муҳаррикҳои барқӣ, ресмонҳои пӯлодӣ (стальной трос), вагонеткаҳо ва дигар таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётӣ барои онҳо ворид карда шудааст.[2]
Пайвандҳо
вироиш- ҶДММ КМ ТА «Анзоб». sanoat.tj. 21 Январ 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 феврали 2020.
Эзоҳ
вироиш- ↑ ҶДММ КМ ТА «Анзоб». sanoat.tj. 21 Январ 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 феврали 2020.
- ↑ ҶДММ КМ ТА «Анзоб». sanoat.tj. 21 Январ 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 феврали 2020.