ҶДММ “Саноати Ашт”
Корхонаҳои дӯзандагӣ, ҷӯроббофӣ ва коргоҳи пойафзолдӯзӣ дар ҶДММ “Саноати Ашт” — дар деҳаи Гулшани ноҳияи Ашти вилояти Суғд вокеъ аст.
Таърихи ифтитоҳи коргоҳ
вироишСоҳибкорони ватанӣ ва мутахассисони ширкати “Саноати Ашт” дар деҳаи Гулшани ноҳияи Ашт корхонаҳои дӯзандагию ҷӯроббофӣ ва коргоҳи пойафзолдӯзиро таъсису бунёд намудаанд, ки ин се корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ якҷоя бо корхонаи ресандагӣ замина ба маҷмааи саноатии рушдёбанда мебошад. Ин иқдом дар рушди саноат дар деҳот саҳми арзанда ба муносибати эълони солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” арзёбӣ гардид.
Корхонаи дӯзандагӣ
вироишКорхонаи дӯзандагӣ бо вориду васлу насби 33 дастгоҳи муосир таъсис ёфтааст. Дар корхона барои 35 нафар занону духтарони маҳаллӣ ҷойҳои корӣ фароҳам оварда шудааст. Дар корхона як қатор маҳсулоти дӯзандагӣ, чун либосҳои занона, мактабӣ, махсуси корӣ ва ҳамчунин либосҳои варзишӣ дӯхта мешаванд.
Корхонаи ҷӯроббофӣ
вироишКорхонаи ҷӯроббофӣ нахустин дар минтақа буда, бо вориду насби 100 адад дастгоҳ таъсис дода шудааст. Кори дастгоҳҳо ба таври автоматӣ сурат гирифта, маҳсулнокии баланд доранд. Дар 100 дастгоҳ дар як шабонарӯз дар ду басти корӣ 20 ҳазор ҷуфт ҷӯроб истеҳсол мегардад. Ҳаҷми истеҳсоли солонаи ҷӯроб дар корхонаи навтаъсиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Саноати Ашт” беш аз 6 миллион ҷуфтро ташкил медиҳад. Барои ҷӯроббофӣ чор навъи ришта дар чор ранг ҳамчун асос истифода шуда, гулҳои ҷӯробҳо аз шаш ранги ришта истеҳсол мегарданд. Истеҳсоли ҷӯробҳо аз 5 марҳилаи технологӣ – ҷӯроббофӣ, нӯкчадӯзӣ, дарзмол, тамғагузорӣ ва бандубаст иборат мебошад. Дар истеҳсоли ҷӯробҳо дар як баст 50 нафар бо кори баландмузд таъмин гардидаанд ва коргарон аксар занону духтарони маҳаллӣ мебошанд.
Коргоҳи пойафзолдӯзӣ
вироишФаъолияти коргоҳи пойафзолдӯзӣ ширкати “Саноати Ашт” дар таъмини талаботи аҳолӣ бо пойафзоли истеҳсоли худӣ саҳмгузорӣ менамояд. Коргоҳ бо вориду насби маҷмӯи дастгоҳҳои пойафзолдӯзӣ, чун дастгоҳҳои дӯзандагӣ, қолабгирӣ ва коркарди пойафзол, бурандагӣ ва суфтакунӣ фаъолият менамояд. Ба коргоҳ дастгоҳи сохти нави дизайну гулпартоӣ ба пойафзол ворид карда шудааст, ки муосир буда, дар ороиши пойафзолу иҷрои амалҳои истеҳсолӣ корҳоро пурмаҳсул, хушсифат ва мутобиқи мӯду дӯхти муосир ба таври автоматӣ анҷом медиҳад. Ашёи хоми асосӣ ба пойафзол - чарми табиӣ ва дигар ашёи хом, чун ширеш, тагбанд, патак ва амсоли ин дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ аз корхонаҳои соҳавии ватанӣ ва хориҷӣ ворид карда мешаванд. Мутахассисони коргоҳ дар асоси таҷрибаи корӣ ва аз худ кардани технологияи муосир номгӯ, навъу намуди пойафзолро дар мӯду дӯхтҳои гуногун истеҳсол менамоянд.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ www.president.tj. Ифтитоҳи корхонаҳои дӯзандагӣ, ҷӯроббофӣ ва коргоҳи пойафзолдӯзӣ дар ҶДММ “Саноати Ашт”-и ноҳияи Ашт(тоҷ.) (8 сентябри 2024). 8 сентябри 2024 санҷида шуд.