ҶДММ “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон”

ҶДММ “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” — дар шаҳри Душанбе вокеъ аст.

Таърихи ифтитоҳи коргоҳ

вироиш

16 июли соли 2024 дар ноҳияи Синои пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон”-ро ба истифода дода шуд. Иншооти нави истеҳсолӣ аз коргоҳҳои заргарӣ ва маркази фурӯши тилло иборат буда, дар як сол иқтидор дорад то як тонна тиллоро коркард намояд. Минбаъд намудҳои гуногуни ҷавоҳирот бо истифода аз технологияи муосир дар ҳамин ҷой истеҳсол ва пешниҳоди мизоҷон гардонида мешавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъсиси корхонаи нави саноатиро дар шаҳри Душанбе ҷиҳати истихроҷу коркарди металҳои қиматбаҳо дар дохили кишвар то маҳсулоти ниҳоӣ муҳим арзёбӣ намуданд.Бо амалӣ гардонидани ҳадафҳои Ҳукумати кишвар аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” тибқи лоиҳа 65 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Корхонаи саноатӣ аз ду бинои ду ва се ошёна иборат буда, ҳудуди он, ки 30 садякро ташкил медиҳад, чароғон ва сабзкорӣ шудааст.

Корхона аз ҳуҷраҳои рехтагарӣ, буриш, занҷирбофӣ, қолабрезӣ, нақшбандӣ, бастубанд ва дигар коргоҳҳо иборат мебошад. Хатҳои нави технологии корхона имкон медиҳад, ки ашёи хоми маҳаллӣ то сатҳи ниҳоӣ коркард ва аз он маҳсулоти заргарӣ мутобиқ ба талаботи бозорҳои байналмилалӣ истеҳсол шавад.Умуман дар ҳамин мавзеъ таъсиси ҳамин гуна 4 корхонаи саноатӣ бо 300 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. www.president.tj. Ифтитоҳи ҶДММ “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” дар шаҳри Душанбе(тоҷ.) (16 июли 2024). 8 октябри 2024 санҷида шуд.