Гулдаст (корхонаи дӯзандагӣ)

(Тағйири масир аз ҶСК Гулдаст)

«Гулдаст» (ҶСК Гулдаст) — фабрикаи дӯзандагии Душанбе, ки соли 1962 таъсис ёфтааст.

Таърих вироиш

Солҳои 1962—1971 Фабрикаи бахядӯзӣ ном дошт; солҳои 1972-98 Иттиҳодияи ҳунарҳои бадеии «Гулдаст»; аз соли 1998 то ҳоло ҶСК «Гулдаст».

Корхона 80 навъи маҳсулоти дӯзандагиро истеҳсол мекунад. Ҳоло мутобиқи супоришҳо ҷомаи зардӯзӣ, чойникпӯш, халтаи патдӯзӣ, сӯзанӣ, зардевории патдӯзӣ, куртаи чакан, кӯрпа, кӯрпача, болишт, лӯлаболишт, либоси корӣ ва ҷиҳози бистариро медӯзад. Дар «Гулдаст» 95 нафар кор мекунанд. Солҳои 1976—1999 дар назди корхона 6 филиал фаъолият мекард, аз ҷумла, филиали дӯхтани каллапӯшҳо дар шаҳри Душанбе; филиали дӯхтани кӯрпа, кӯрпача, рӯймолу миёнбанд дар деҳаи Алмосии ноҳияи Ҳисор; филиали дӯхтани ҷиҳози бистарӣ дар деҳаи Қалъаидашти ноҳияи Файзобод; филиалҳои дӯхтани даста барои кӯдакони навзод дар деҳаи Гумбулоқи ноҳияи Файзобод ва деҳаи Шаҳринави ноҳияи Шаҳринав.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш