Ҷазираи Врангел
Врангел — ҷазира дар Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ, дар сарҳадди баҳрҳои Сибири Шарқӣ ва Чукот.
Ҷазираи Врангел | |
русӣ: Остров Врангеля | |
![]() | |
Радаи манотиқи ҳифозатшудаи IUCN | IUCN category Ia: Strict Nature Reserve[d][1] |
---|---|
Номида ба шарафи | Врангел, Фердинанд Петрович |
Кишвар | |
Воҳиди марзию маъмурӣ | Chukotka Autonomous Okrug[d] |
Ҷойгир аст дар назди обанбори | Уқёнуси яхбастаи шимолӣ |
Шумораи аҳолӣ |
|
Баландӣ аз сатҳи баҳр | 1 096 м |
Минтақаи замонӣ | UTC+12:00[d] |
Дарозӣ |
|
Бар | 80 км |
Масоҳат |
|
![]() |
Аз материк ба воситаи гулӯгоҳи Лонг ҷудо аст. Масоҳаташ тақр. 7300 км², дарозиаш 150 км, бараш 70 км, баландиаш то 1096 м. Кӯлҳои хурд бисёранд. Соҳилҳояш паст, кӯлҳо ва забонаҳои регӣ дорад. Асосан аз филлитҳо, варақсангҳои кристаллӣ, граниту гнейсҳо иборат аст. Иқлимаш сард. Ҳарорати миёнаи январ аз −21,30 то −23,30°С. Тобистонаш кӯтоҳу салқин, ҳарорати миёнаи июл 2-2,5°С. Ҷазира тамоми сол дар иҳотаи яхҳост. Дар кӯҳҳо пиряхҳои хурд мавҷуданд. Набототаш тундрагӣ. Аз ҳайвонҳо: леминг, рӯбоҳи шимолӣ ва аз парандаҳо ғоз, кайра ва ғ. вомехӯранд. Дар ҳудуди Врангел мамнуъгоҳи Ҷазираи Врангел мавҷуд аст, ки ба Феҳристи Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудааст. Ба ҷазира номи баҳрнаварди рус Ф. П. Врангел дода шудааст.
ЭзоҳВироиш
- ↑ Всемирная база данных охраняемых природных территорий — 1981.
АдабиётВироиш
- Ушаков Г. А., Остров метелей (Остров Врангеля): По нехоженой земле. М., 1890;
- Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007.
СарчашмаВироиш
- Врангел // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.