Абӯ Зайд Муҳаммад Ҷазоирии Розӣ дар садаи XI ҷараён ёфта, зодгоҳи ӯ шаҳри Рай аст.

Зиндагинома

вироиш

Ҳаёти Абӯ Зайд Муҳаммад Ҷазоирии Розӣ дар садаи XI ҷараён ёфта, зодгоҳи ӯ шаҳри Рай аст. Ҷазоирӣ таҳсили илмро низ дар Рай гузаронидааст.мутаассифона доир ба рӯзгор ва эҷодиёти шоир дар ҳеч яке аз сарчашмаҳо маълумоти муфассал ҷой надорад. Шоир соли 1034 вафот кардааст.

Аз ашъори Ҷазоирӣ ба ғайр аз чанд қасида, қитъа ва рубоӣ чизи дигаре боқӣ намондааст, ҳол он ки ӯро дар тазкираҳо чун шоири тавоно ёд мекунанд.

Аз қасоид

вироиш
Зи диноргун беду абри сапед,
Замин гашта зарину симин само.
Чаро н-ояд оҳуи симини ман,
Ки бар чашм кардамш ҷое чаро?
Насими ду зулфайни ӯ бигзарад,
Баромехта бо насими сабо.
Чи гӯямш, гӯямш чун бигзарад,
Ало, эй насимассабо, марҳабо.
Кунам хидмати подшо, то кунад –
Маро бар ту бар подшо, подшо.
Саҳаргоҳон яке амдан ба саҳро баргузар, бингар,
Ду гардан осмон гӯӣ яке зеру дигар аз бар.
Чу барқ аз меғ бидрахшад, ту пиндорӣ яке зангӣ
Зи хиргоҳе ба хиргоҳе давонад пораи ахгар.
В-аз он ахгар бисӯзад дасташ аз гармиву бетобӣ
Аз он осеб бихрӯшад равоне бифканад озар.