Ҷазои интизомӣ — барои кирдори хилофи ҳуқуқии одам, ки ба муқобили тартиботи дохилии корхона, иттиҳодия ё муассиса, вайрон кардани интизоми меҳнатӣ, хизматӣ, таълимӣ, ҳарбӣ ва ғайра муқаррар карда шудааст. Ҷазо барои кирдори интизомӣ дар ҳар гуна санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳавӣ (оиннома, низомнома, дастуруламал), маҳаллӣ (қарори мақоми маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вдора ва г.) дар қонунҳои ҷорӣ муқаррар карда шудааст. Масалан, дар Кодекси меҳнати ҶТ чунин намудҳои ҷазо барои вайрон кардани интизоми меҳнатӣ муқаррар карда шудааст: огоҳӣ, огоҳии қатъӣ, танбеҳ, гузаронидаи ба кори каммузд, аз кор дур намудан.[1]

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 547-548