Ҷазои маъмурӣ — чораи ҷавобгарӣ барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Бо мақсади тарбияи шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, дар рӯҳияи риояи қонунҳо, инчунин бо мақсади пешгирии содир кардани ҳуқуқвайронкунии нав аз тарафи худи ҳуқуқвайронкунанда, инчунин шахсони дигар татбиқ мегардад. Кодекси ҳуқуқвайронкунии ҶТ барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазоҳои зерини маъмуриро пешбинӣ кардааст:

  1. огоҳӣ;
  2. ҷарима;
  3. бе подош маҷбуран гирифтани чизе, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он гардидааст;
  4. мусодираи чизе, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он гардидааст;
  5. маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсусе, ки ба шаҳрванди мазкур дода шудааст (аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт, ҳуқуқи шикор);
  6. корҳои ислоҳкунӣ;
  7. ҳабси маъмурӣ.

Баробари ҷазои асосӣ барои баъзе ҳуқуквайронкунии маъмурӣ ҷазои иловагӣ низ татбиқ карда мешавад.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 548